Душанбе — мизбони Форуми 3-юми занони Созмони ҳамкории Шанхай

10 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузории Форуми 3-юми занони Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии қувваҳои занон барои пешбурди рушди муштарак» аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида буд.
Форум аз ҷониби Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва Федератсияи Байналмилалии занони Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ гардида, дар он беш аз 200 намоянда аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳои нозир иштирок намуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ