Сад сол умр дидан мехоҳед?

Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко дар муколама бо РИА Новости маслиҳатҳо дод, ки барои то садсолагӣ зиндагӣ кардан чӣ кӯмак мекунад.
Роҳбари Вазорати тандурустӣ ба ғизои дуруст ва реҷаи рӯз эътибори махсус дод.
«Кӯшиш кунед, мувофиқи ҷадвал, реҷа ва намуди хӯрок, мисли кӯдаки 10-сола — бо ҳамон фаъолият, ҳамон ҳаракат, ҳамон парҳези мутавозин, таркиби хӯрок, ба истиснои машрубот ва тамоку зиндагӣ кунед», — пешниҳод кард Мурашко.
Вазир афзуд, ки чунин усули мавҷудият солҳои зиндагиро ба таври назаррас тамдид хоҳад кард.
Инчунин, ин намояндаи системаи тандурустии Русия ба сабр ва хирадмандӣ даъват кард.
«Бо баъзе сабабҳо, вақте ки мо калонсол мешавем, боварӣ дорем, ки ба мо бисёр чиз иҷозат дода мешавад. Ин пас аз синни 18 солагӣ оғоз мешавад», — шикоят кард Мурашко.
Ёдовар мешавем, ки қаблан як гурӯҳи олимон аз Русия муқаррар карда буданд, ки ҳадди ниҳоии ҳаёти инсон 120-150 сол ба он вобаста аст, ки дар ин синну сол бадан қобилияти барқароршавиашро гум мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ