Сессияи сиючоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят ба рӯзи 11-уми июн даъват карда шуд

Қарори ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов «Дар бораи даъвати сессияи сиючоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум» имзо гардид.
Тибқи қарор сессияи сиючоруми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум рӯзи 11-уми июни соли 2021, бар соати 9:00 даъват карда шуд.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:
– ҳисоботи сарвари Садорати ҳавзаи сохтори ирригатсионии «Зарафшон» Ф. Раҷабов дар бораи корҳое, ки дар асоси барномаи бунёди объектҳои ирригатсионӣ ва мелиоратсионӣ, реконструксия кардани онҳо ва таъмиру бозсозии объектҳои мелиоратсионӣ дар солҳои 2021–2023 амалӣ мегарданд;
– ахбори сарвари Садорати вилоятии Агентии хизматҳои давлатии тобеи Вазорати адлия М. Қурбонов доир ба вазъи хидматрасониҳои давлатӣ дар давоми 5 моҳи соли 2021;
– дар бораи модернизатсияи сохтори оби нӯшокӣ ва партовобҳои шаҳри Каттақӯрғон бо иштироки институтҳои молиявии байналмилалӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои бунёди сохтори партовобҳо дар марказҳои 6 ноҳия ва шаҳракҳои вилояти Самарқанд;

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ