Ҷаҳон

Иттиҳоди Аврупо барои аз байн бурдани муаммои Арал 5 миллион евро ихтисос медиҳад

Иттифоқи Аврупо барои рушди Орол ва минтақаи назди Арал 5 миллион евро ихтисос медиҳад. Дар ин бора Ҷусси Нарви, раҳбари миссияи Иттифоқи Аврупо дар Ӯзбекистон дар нишасти “Мубаддал кардани муаммоҳои кишоварзӣ ва экологияи ҳавзаи баҳри Арал ба имконияти инноватсионӣ” эълом кард.Жусси Нарви гуфт, “Вазъияти баҳри Арал фақат муаммои экологӣ нест. Ин ба шароити зиндагии мардуми ҳамон минтақа низ таъсири ҷиддӣ дорад. Ба ҳамин далел ман вазъияти Аралро пеш аз ҳама аз назари инсонӣ муаммо ҳисоб мекунам. Барои хуб зиндагӣ кардани мардум бояд пояҳои аввалӣ эҷод карда шавад. Ба гуфтаи Нарви, маблағи Иттиҳоди Аврупо ба 5 самт равона мегарданд:─ роҳандозии хидмати тиббии босифат ва таъмини оби нӯшокӣ;─ боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ба хусус эътибор додан ба наврасу ҷавонон;─ коҳиш додани вазъиятҳои афсурдакунандаи вобаста ба омилҳои экологӣ;─ афзоиш додани даромади мардум, таъминсозӣ бо ҷойи корӣ;─ ба таври муштарак ҳал кардани муаммои Арал бо ҷазби дигар манбаъҳо.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ