Ба сохтори идораи ҳокимияти вилоят дигаргунӣ ворид гардид

Роҳбари давлатамон рӯзҳои 15–16-уми апрели соли ҷорӣ, ҳангоми ташриф ба вилояти Самарқанд оиди ҷорӣ намудани лавозими ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои рушди саноат ва ин вазифаро ба ҷо овардани Ҷамшед Ҳайдаров, ки дар айни ҳол роҳбари дирексияи минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» мебошад, қайд намуда буд.
Ба муносибати ҷорӣ гардидани лавозими нави ҷонишин, ӯҳдадории «ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои рушди саноат, сохтмони капиталӣ, коммуникатсияҳо ва хоҷагии коммуналӣ» номи «ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд оид ба масъалаҳои сохтмони капиталӣ, коммуникатсияҳо ва хоҷагии коммуналӣ»-ро гирифт (дар ин вазифа Акмал Шукуров фаъолият дорад).
Дар қарори Девони Вазирон ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд оид ба масъалаҳои рушди саноат – вазифаи асосии роҳбари дирексияи минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» нишон дода шудааст.
Бо мақсади иҷрои қарори мазкур рӯзи 4-уми июни соли 2021 қарори ҳокими вилоят қабул карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ