ӮЗБЕКИСТОН – МАМЛАКАТИ ДӮСТӢ ВА БАРОДАРӢ

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Маълум аст, ки тӯли асрҳои зиёд дар сарзамини бостонию достонии мо намояндагони қавмҳо, фарҳангҳо ва динҳои гуногун дар сулҳу оромӣ зиндагӣ мекарданд. Меҳмоннавозӣ, меҳрубонӣ, саховатмандӣ ва таҳаммулпазирии ҳақиқӣ ҳамеша ба мардумамон хос буд ва асоси менталитети мо гаштааст.
Аз солҳои аввали истиқлолият дар Ӯзбекистон рушди фарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуманизм, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва байни мазҳабҳо, ҳамоҳангии шаҳрвандӣ дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар, сарфи назар аз миллат ва эътиқоди динии онҳо аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ муайян шудааст. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ва садоқат ба Ватан мақсаду мароми мост.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вакилони зиёда аз 130 миллату халқиятҳои гуногун аҳлона умр ба сар бурда, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа саҳм мегузоранд. Онҳо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ кору меҳнат мекунанд.
Аз замонҳои қадим гузаштагони мо нисбати ҳамсоя ҳурмату эҳтироми баланд доштанд. Дар урфият “ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар” аст, мегӯянд. Ин гуфтаҳо на танҳо ба ҳамсоягии урфӣ, балки ба ҳамсоягии байни давлатҳо низ дахл дорад. Мо – ӯзбекону тоҷикон аз азал дурандешу меҳмоннавозем, нисбати ҳамсоя эҳтироми хоса дорем. “Хона нагир – ҳамсоя гир” низ аз беҳтарин фармудаҳои мардуми мост.
Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсарҳади худ алоқаи хешу таборӣ дорад. Дар қаламрави Ӯзбекистон хонаводаҳоеро вомехӯрем, ки аз миллатҳои ӯзбеку тоҷик, ӯзбеку афғон, ӯзбеку қирғиз, ӯзбеку рус ва дигарҳо оила барпо кардаанд. Онҳо хушбахт ва муттафиқона умр ба сар мебаранд. Ин ҳама аз муносибатҳои дӯстонаву меҳрубононаи давлатҳои ҳамсоя сарчашма мегирад.
Ба қарибӣ дар Қасри санъати шаҳри Тирмиз таҳти шиори «Ӯзбекистон – кишвари дӯстӣ ва бародарӣ» чорабинӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳукуматҳои вилоят ва шаҳр, Марказҳои миллию фарҳангӣ ва ҷомеаи васеъ ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо тамошои экспонатҳое, ки аз ҷониби Марказҳои миллию фарҳангӣ омода шуда буд, оғоз ёфт.
Сипас меҳмонон ва ҳозирон консерти идонаеро, ки аз ҷониби Марказҳои миллию фарҳангӣ ва шуъбаи фарҳанг ташкил гардида буд, тамошо карданд.
Консерти идонаро овозхони Маркази фарҳангии рус Светлана Ҷумаева бо суруди «Валенки» ифтитоҳ намуд.
Марказҳои фарҳангии туркманҳо, тоҷикон ва афғонҳо ҳозиринро бо намоиши барномаи консертии ҷолиб шод карданд.
Хонандагони мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳри Тирмиз рақси халқии русии «Калинка»-ро иҷро карданд.
Толибилмони мактаби миёнаи махсуси рақами 9-и шаҳри Тирмиз бо рақси дилнишин ба ҳозирин кайфияти хуб бахшиданд.

Рӯзимурод ХАЛИЛОВ,
Адолат ОЧИЛДИЕВА,
донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ