Аэропорти байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» парвозҳоро ба 14 кишвари ҷаҳон барқарор кард

Аэропорти байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» парвозҳоро бо Ӯзбекистон ва боз бо 13 кишвари ҷаҳон оғоз намуд. Дар ин бора раиси Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон Талгат Ластаев иттилоъ дод, хабар медиҳад агентии «Казинформ».
«Мутаассифона, авиатсияи гражданӣ соҳаест, ки аз ҳама бештар аз пандемия зарар дид. Аммо аз аввали соли равон парвозҳо барқарор шуданд ва нишондиҳандаҳои асосӣ каме афзоиш ёфтанд.Аз аввали сол шумораи парвозҳо ба 47% расида, 2,5 миллион нафаррро фаро гирифт. Шумораи мусофироне, ки фуругоҳ хидмат мерасонад ба 39% ё 4,6 миллион нафар зиёд шудааст. Имрӯзҳо дар саросари Қазоқистон парвозҳои дохилӣ пурра фаъол гардидаанд»,- афзуд Талгат Ластаев дар маросими ифтитоҳи гулгашти Авиаторон, ки ба 90-умин солгарди фурудгоҳ бахшида шудааст.
Вай гуфт агар сухан дар бораи парвозҳои байналмилалӣ равад, ҳаракати ҳавоӣ бо 14 кишвар барқарор карда шудааст.
«Дар байни онҳо Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Россия, Қирғизистон, Беларус, Украина, Германия, Гурҷистон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, Нидерландия ва Черногория ҳастанд», — тазаккур дод номбурда.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ