Таъсиси Бунёди муштараки 50 миллиондолларии Ӯзбекистону Тоҷикистон

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон як Бунёди муштараки сармоягузорӣ таъсис медиҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Вазорат мегӯяд, сармояи оинномавӣ 50 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Бунёд амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки ояндадорро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дастгирӣ ва мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҳол рӯзи чоршанбе дар шаҳри Бохтар нахустин Анҷумани сармоягузории байниминтақавии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба муносибати сафари сарвари Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, ки рӯзҳои 10-11-уми июн пешбинӣ шудааст, баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд. Аллакай гузориш шуда буд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соддагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ баррасӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ