Қароргоҳи СММ аз 6 июл ба реҷаи пурраи кор дар шакли маъмулӣ мегузарад

Кормандони қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бо назардошти коҳиш ёфтани маҳдудиятҳои санитарие, ки дар калонтарин шаҳри ИМА бо сабаби пандемияи коронавирус ҷорӣ гардида буданд, аз 6 июл тадриҷан ба реҷаи пурраи кор дар шакли ҳузурӣ бармегарданд. Дар ин бора 7 июн, дар номаи дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ба кормандони Созмони мазкур гуфта шудааст, хабар медиҳадХадамоти матбуотии Созмон.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки моҳҳои охир дар шаҳр теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ бо коронавируси нав коҳиш ёфтааст. Гутерриш зикр кард, ки аз 6 июл бо дарназардошти маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои ҳадди бештари одамон, ки будани онҳо дар бино маҷоз аст, «қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ба талабот барои бозгашти пурра ба шакли ҳузурии пешбурди корҳо ҷавобгӯ хоҳад буд».
«Ин маънои онро дорад, ки аз 6 июли соли 2021 интизор меравад ҳамаи кормандоне, ки пас аз тасдиқи ҷадвали алтернативӣ дар моҳи марти соли 2020 ҳафтае панҷ рӯз бо реҷаи фосилавӣ кор кардаанд, тадриҷан ба ҷойҳои кории худ баргарданд», — шарҳ дод дабири кулл. Вай эзоҳ дод, ки «ин маънои дар моҳи июл бозгашти якбораи кормандонро ба қароргоҳ надорад». Номбурда афзуд, ки нахуст кормандони созмони ҷаҳонӣ бояд «дар як ҳафта як рӯз ё бештар аз он» дар ҷои кор бошанд. Ҳуҷҷат муайян мекунад, ки дар ин қойида истисноҳои гуногун мавҷуданд. Гутерриш инчунин изҳори умед кард, ки дар оянда «манфиатҳои зиёди кор дар реҷаи фосилавӣ» ҳангоми ба рӯйхатгирии кормандони созмони ҷаҳонӣ ба назар гирифта хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ