«Тоҷикистон — Ӯзбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ»

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ташрифи навбатии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳ дар мавзӯи «Тоҷикистон — Ӯзбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ намоиши мазкур то 20 июни соли равон идома меёбад.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки «мо аҳли фарҳанг анъанаи неки ниёгонро идома дода, фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳоямонро омӯхта, ҷиҳати бештар наздик сохтани онҳо дар заминаи арзишҳои нек ва созанда чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ доир намуда, дастовард ва арзишҳоеро, ки халқҳои тоҷику ӯзбек тӯли асрҳо сохтаанд, ҳифз ва муаррифӣ менамоем».
Ҳамзамон дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон як қатор экспонатҳои нодир: мусаввараву нимпайкараҳо, китобу аксҳо, гулдону армуғонҳо ва қолинҳои дастбоф пешниҳод шудаанд, ки аз дастовардҳои ин ду халқи таърихӣ дар масири дӯстӣ ва созандагӣ қисса мекунанд.
Инчунин дар намоиш мавзеъҳои таърихии Ӯзбекистону Тоҷикистон тавассути мусаввара ва китобу маҷаллаҳо инъикос ёфта, дар маркази намоиш пайкараи дӯстон — намояндагони адабиёти ин ду миллат, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ пешниҳоди тамошобинон гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ