Ҷаҳон

Раисҷумҳури собиқи Қирғизистон Алмазбек Отамбоевро боздошт карданд

Кормандони пулис ва кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон дар амалиёти муштарак Алмазбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи кишварро боздошт карданд.Отамбоев бо қарори суд то рӯзи 26-уми август дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Дар ин муддат амалиёти тафтишии ӯ анҷом хоҳад ёфт.Ёдовар мешавем, ки кормандони пулис ва КДАМ Қирғизистон рӯзи гузашта муштаракан дар рустои Қӯй-Тоши ноҳияи Аламудун амалиёти боздошти Отамбоевро баргузор карданд.Дар амалиёти нахустин, ки рӯзи 7-уми август барпо шуда буд, тарафдорони Отамбоев ба боздошт шудани ӯ роҳ надоданд ва бо пулис даргир шуданд. Дар натиҷа беш аз 40 тан захм бардоштанд. Як афсари захмӣ дар шифохона бар асари захмҳо ҷон дод.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ