Олимон муайян карданд, ки нӯшокиҳои газнок барои майна хатарнок аст


Нӯшокиҳои ширини газнок дер боз душмани бисёр одамоне шуданд, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд. Аммо, хатари онҳо ҳатто дар таркиби қанди баланд нест. Чанде пеш олимон исбот карданд, ки ин нӯшокиҳо ба мағзи сар ва вазифаҳои он таъсири хеле манфӣ мерасонад.
Холли Клеймер аз таҳқиқоти охир ба хулосае омад, ки нӯшокиҳои ширини газнок хатари бемории Алтсгеймерро се маротиба зиёд мекунад. Як табиби дигар ба ёд овард, ки дар нӯшокиҳои газнок одатан миқдори зиёди кофеин мавҷуд аст, ки сифати хобро паст мекунад, сустӣ ва асабониятро ба вуҷуд меорад.
Инчунин ба наздикӣ маълум шуд, ки миқдори зиёди кофеин фишори чашмро афзоиш медиҳад, ки ин дар навбати худ ба муаммои чашм оварда мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ