Дар Швейтсария барои алоқаи ҳавоӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шуд. Сабаб…

Дар Швейтсария барои алоқаи ҳавоӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шуданд.
Бо қарори ҳукумати кишвар, ҳаракати ҳавоӣ дар робита ба саммити Русияву Амрико муваққатан қатъ карда мешавад.
Ин тадбир барои таъмини амният зимни мулоқоти президенти Русия, Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден дар Женева андешида шудааст.
«Дар ҷаласа Шӯрои Федералӣ маҳдудияти муваққатии истифодаи фазои ҳаво дар ҷараёни мулоқоти Байден ва Путинро тасвиб кард», — омадааст дар изҳороти кобинаи Швейтсария.
Қайд мешавад, ки ин тадбир аз 15 то 17 июн амал мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки 16 июн дар Женева гуфтушуниди президенти Русия, Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден баргузор мешавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ният доранд, ки суботи стратегӣ, халъи силоҳ, пандемия, ҳалли низоъ ва муҳити зистро баррасӣ кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ