Гулҳои қотил: растаниҳои марговар, ки шумо ҳатто дар бораи онҳо намедонед


Аксар вақт дар балкон ва боғҳо растаниҳоеро парвариш мекунанд, ки инсонро ба марг оварда мерасонад.
Ҳафт растание, ки бӯй ва намуди зоҳирии онҳоро дӯст медоред, метавонад марговар бошад.
Гули савсани водӣ (ландиш)
Аз нозукиаш дида, бӯйи савсани водӣ хатарноктар аст. Мева, гул, поя, баргҳои он заҳрнок аст. Ҳатто обе, ки растанӣ дар он меистад, метавонад ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонад. Галлютсинатсияҳо ва дарди сар аз нишонаҳои заҳролудшавии савсани водӣ мебошанд.
Гортензия
Боз як растание, ки заҳролудшавӣ бисёриҳоро ба ҳайрат меорад. Як буттаи маъмул, ки ороишгарони манзаравӣ истифода мебаранд, дар асл метавонад хатарнок бошад. Хусусан, навдаи гортензия заҳролуд – гулҳои бунафшӣ ва дурахшон. Ҳамроҳ кардан ба хӯрок қатъиян манъ аст ва метавонад ба заҳролудшавӣ оварда расонад, ки он боиси душворгардии нафаскашӣ, таппиши дил ва паст шудани фишори хун мешавад.
Наргис (нартсисс)
Гул дар ҳақиқат хеле зебо аст. Аммо дар айни замон хатарнок мебошад, хусусан пиёзакҳои гул. Гул ва пиёзакҳои он боиси қайъи шадид мешаванд. Мумкин аст ба паралич, ларзак (судорги) ва дар натиҷа ба марг расонад.
Шобезак (белладона)
Буттамеваи сиёҳ, ки хӯрданбоб аст, марговар мебошад. Ҳатто истеъмоли якчанд мева метавонад фалаҷи нафас, боздошти нафас шавад. Аломатҳои заҳролудшавӣ: хушкии даҳон, душвории нафаскашӣ, таппиши дил, баландшавии ҳарорат, варам ва сурх шудани пӯст.
Як далели аҷиб, ки белладона аз забони итолиёвӣ ҳамчун зани зебо тарҷима шудааст.
Розмари ваҳшӣ (багулник)
Растании аҷибе, ки метавонад инсонро ҳам табобат кунад ва ҳам бикушад. Буттаашро барои табобати бемориҳои шуш истифода мебаранд. Баробари ин, розмарин метавонад ба системаи асаби инсон таъсири манфӣ расонад ва нишонаҳои заҳролудшавиро ба монанди дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, кашиш ва нобаробарӣ ва ҳамоҳангсозии ҳаракатро ба вуҷуд орад.
Мастак (дурман обыкновенный)
Бӯй кардан ва истифода бурдани гулҳои сафед қатъиян манъ карда мешавад. Мастак – гиёҳи заҳрнок аст, ки метавонад фалаҷро ба вуҷуд орад, галлютсинатсия, одамро ба кома дарорад ва ҳатто ба марг оварда расонад. Нишонаҳои аввалини заҳролудшавӣ: васеъ шудани гавҳараки чашм, сурхии рӯй, овози хирросӣ, ташнагии шадид. Дар дозаи хурд мастак ба монанди розмарин барои табобати бронхит, пневмония ва астма истифода бурда мешавад.
Шоҳдона (белена)
Растании баланд бо решаи калон ва гулҳои сафед буда, танҳо дар назар беозор менамоянд. Дар вақти гулкунӣ аз шоҳдона бӯйи ногувор мебарояд, ки аз хатари гул огоҳ мекунад. Дар байни аломатҳои интоксикатсия: баланд шудани ҳарорат, таппиши дил мушоҳида карда мешавад.
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ