Шабонарӯзи гузашта шумораи гирифторони коронавирус беш аз 300 ҳазор нафар афзуд

Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 300 ҳазор афзоиш ёфта, аз 176,72 миллион гузашт, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Тошканд)-и 14 июн, ба СУТ дар бораи 176 723 813 сироятшуда ва 3 819 645 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 300 173 нафар ва фавтидагон 6 784 нафар афзудааст.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 321 158. Баъд аз он Ҳиндустон (29 510 410), Бразилия (17 413 996), Франсия (5 740 665), Туркия (5 330 447), Россия (5 208 687), Британияи Кабир (4 565 813), Италия (4 244 872), Аргентина (4 124 190), Колумбия (3 753 224), Испания (3 733 600) ва Германия (3 723 294) қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ