COVID-19: чанд хабари муҳим аз кишварҳои олам

Дар пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамоно ҳодисаҳои нави сироят ба коронавирус сабт мешавад. То кунун аз сирояти 886 низомии амрикоӣ дар ин пойгоҳҳои ҳарбӣ хабар дода шудааст.

Дар Бразилия шабонарӯзи гузашта бештар аз 2,3 ҳазор нафар бар асари COVID-19 фавтиданд, моҳи апрели соли равон ҳар шабонарӯз то 4 ҳазор ба ҳалокат мерасиданд.

Садиаъзами Олмон Ангела Меркел аз вазъи сироят ба коронавирус ва коҳиши суръати афзоиши он изҳори қаноатмандӣ кард. Вале ҳамзамон аз авҷи эҳтимолии гунаи ҳиндии ин вирус ҳушдор дод.

Лаҳистон дар шаҳодатномаҳои воксиншудагон танҳо ҳамон воксинҳоеро қабул дорад, ки Агентии аврупоии доруворӣ тасдиқ кардааст.

Эмкунии умумӣ дар Исроил на танҳо онҳоеро аз сироят ҳимоя кардааст, ки худро эм кардаанд, балки аҳолии ҳанӯз эмнашударо ҳам аз хатари мубталоӣ эмин нигоҳ доштааст.

Эрон аз марҳилаи дуюми санҷиши воксини худ зидди коронавирус хабар дод. Як мақоми баландпояи вазорати беҳдошти Эрон гуфтааст, ки ҳамагӣ чанд кишвар дар олам қудрати тавлиди воксани худ зидди COVID-19-ро доранд ва Эрон ҳоло ба ҷамъи ин давлатҳо пайвастааст.

Марзбонони Украина ба кишвар он хориҷиёнеро, ки худро бо воксани русии «Спутник V» эм кардаанд, роҳ намедиҳанд. Дар ин бора рӯзи 10-уми июни соли равон аз хадамоти давлатии ҳифзи сарҳади Украина хабар доданд.

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 11 699 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд. Суръати афзоиши мубталоёни шабонарӯзӣ аз 0,20 то 0,23 дарсад расид.

Дар Қазоқистон шабонарӯзи сипаришуда 1144 мубталои навро сабт карданд ва шумори умумии гирифторон б 397 976 нафар расид.

Шумори сироятшудагон ба Covid-19 дар Қирғизистон ба 108 667 расидааст. Сатҳи маргумир 1,72%.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ