Дар ноҳияҳо рӯйхати “дафтар”-ҳоро чӣ хел ихтисор мекунанд?

Рӯзи 17-уми июн дар Хонаи матбуоти вилоят анҷумани муштараки ҳокимони ноҳияҳои Булунғур, Самарқанд ва Ҷомбой гузаронида шуд. Дар рафти тадбир роҷеъ ба корҳое, ки бобати ёрӣ ба аҳолии дар “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” сабтиномшуда, таъмини шуғли онҳо амалӣ мегарданд, маълумот доданд.
Ҳокими ноҳияи Самарқанд Н.Мавлонов, ҳокими ноҳияи Булунғур Б.Баҳромов, ҳокими ноҳияи Ҷомбой Қ.Собиров доир ба корҳое, ки дар ин самт иҷро карданд, факту рақамҳоро баён намуданд, ки дар ахбори онҳо ҷиҳатҳои муштарак низ ҳастанд.

Бо тӯҳфа одамонро аз камбағалӣ бароварда намешавад
Баҳодур БАҲРОМОВ, ҳокими ноҳияи Булунғур:

  • Дар ноҳия ба масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, омӯхтани касбу ҳунар ба ҷавонон эътибори алоҳида дода мешавад. Афсӯс, ки дар аксари шаҳрвандон кайфияти боқимондагӣ зиёд мешавад. Пештар ин амали номатлуб миёни занону духтарон бештар ба назар мерасид ва ҳоло дар байни ҷавонон низ реша медавонад. Инак, ба ташкили “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” қариб як сол мешавад. Тӯли ин муддат таҷриба зиёд карда фаҳмидем, ки бо роҳи тӯҳфа кардани мошини дӯзандагӣ, печи пазандагӣ ё ки дигар таҷҳизот муаммо ҳал намешавад. Шароити иқтисодии оилаҳоро беҳтар намудан ғайриимкон аст. Мо бояд ба ин масъала ҷиддан эътибор диҳем. Ҳама ҷиҳати корро, аз шавқмандӣ то имконият, маҳсулот, харидор, ашёи хом ба инобат гирем ва дар ҳамин замина ба онҳо касбу ҳунар омӯзем, роҳҳои раҳоӣ аз камбағалиро нишон диҳем.
    Дар ноҳияи Булунғур нахуст 2150 оила дар “Дафтари оҳанин”, 5213 нафар писару духтарон дар “Дафтари ҷавонон” ва 1994 нафар зану духтарон дар “Дафтари занон” сабти ном шуда буданд. Аз оғози соли 2020 то имрӯз 1809 оила аз “Дафтари оҳанин”, 2288 нафар шаҳрвандон аз “Дафтари ҷавонон” ва 2018 нафар зан-духтарон аз “Дафтари занон” бароварда шуданд.
    Бино ба ҳолати 1-уми июн дар “Дафтари оҳанин” 341 оилаи ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд боқӣ мондааст. Инчунин, дар “Дафтари ҷавонон” 2925 нафар ва дар “Дафтари занон” 32 нафар ногироёни гурӯҳи якум ва дуввум, ё ки заноне, ки фарзанди ногирои худро парасторӣ мекунанд, қарор доранд.
    Бахусус, 3-юми июни соли ҷорӣ барои фаъолияти тадбиркории худро ба роҳ мондан ва худро бо кор таъмин кардани 300 нафар шаҳрванд 9 намуди асбобу ускунаҳои 740 миллиону 300 ҳазор сӯмина тақдим карда шуд.

Анъанаи “Устоду шогирд” самараи худро медиҳад
Собир ҚАЮМОВ, ҳокими ноҳияи Ҷомбой:

  • Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар назди ҳар як ҳокими вилоят қарор дорад, беҳсозии шароити рӯзгори мардум, фароҳам овардани имкониятҳо ва таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Мо бо мақсади кам кардани адади оила ва шаҳрвандоне, ки дар “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” сабти ном шудаанд, як қатор чорабиниҳоро ба роҳ мондем. Масалан, ба аксари бонувон мошини дӯзандагӣ додем. Пас фаъолияти онҳоро мониторинг намудем. Мутаассифона, натиҷаҳо хурсандибахш набуданд. Бинобар ин, мо таҷрибаи навро роҳандозӣ кардем. Ҳамаи занҳоеро, ки мошини дӯзандагӣ гирифта буданд, ба ягон дӯзандаи бомаҳорат вобаста карда, барои фаъолияти якҷояи онҳо шароит фароҳам оврадем. Анъанаи “Устоду шогирд”-ро дар амал ҷорӣ кардем. Ин амали мо натиҷаи дилхоҳро дод. Сипас, чунин амалиётро дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, тадбиркорӣ ва ҳунаромӯзӣ низ ба роҳ мондем. Имрӯз аксари зану духтарон ва ҷавонон дар назди устои касби худ асрори ин ё он соҳаро омӯхта, фаъолият пеш мебаранд. Инчунин, дар назди шӯъбаи ноҳиявии Бонки марказӣ “Фабрикаи ғояҳоро” ташкил кардем. Тавассути он дар бораи соҳаҳое, ки ҳамарӯза даромад ба даст овардан мумкин аст, маълумот тайёр карда мешавад ва дар амал татбиқ мегардад. Маҳз дар натиҷаи чунин чорабиниҳо шумораи оила ва аҳолие, ки дар “дафтар”-ҳо сабти ном шудаанд, то рафт кам мешавад.
    Дар ноҳияи Ҷомбой ҷамъ 2346 оила дар “Дафтари оҳанин”, 7879 нафар писару духтарон дар “Дафтари ҷавонон” ва 2146 нафар зану духтарон дар “Дафтари занон” сабти ном шуда буданд. Дар муддати сипаришуда 1676 оила аз “Дафтари оҳанин”, 5048 нафар шаҳрвандон аз “Дафтари ҷавонон” ва 2018 нафар зан-духтарон аз “Дафтари занон” баромаданд.
    Бино ба ҳолати 1-уми июн дар “Дафтари оҳанин” 311 оилаи ниёзманд, дар “Дафтари ҷавонон” 2831 нафар ва дар “Дафтари занон” 125 нафар ҷавон ва занони бекор боқӣ монданд.
    Чанде пеш бо ташаббуси ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов барои фаъолияти тадбиркории худро ба роҳ мондан ва худро бо кор таъмин кардани 425 нафар шаҳрванд 7 намуди асбобу ускунаҳои 674 миллиону 384 ҳазор сӯмина тақдим карда шуд.

Корҳо дар миқёси ҳудудҳо роҳандозӣ шудааст
Носир МАВЛОНОВ, ҳокими ноҳияи Самарқанд:

  • Хуб медонем, ки ноҳияи Самарқанд дар атрофи шаҳр ҷойгир аст. Бинобар ин, шароити ҳудуҳои гуногуни ноҳияи аз ҳам фарқ мекунад. Аз ин рӯ, мо ноҳияро ба ҳудуҳои алоҳида тақсим карда, мутобиқи шароити ҳамон манзил барои беҳсозии шароити рӯзгорӣ мардум ва аз камбағалӣ раҳо кардани оилаҳо чораҳо меандешем. Масалан, дар деҳаҳои Оҳалик ва Миронқул барои ба роҳ мондани хизмати сайёҳӣ имконият васеъ аст. Дар ҳамин асос, мо ба аксари ҷавонони ин деҳаҳо дар ин самт маслиҳатҳо дода, бобати ба роҳ мондани фаъолияти онҳо ёрӣ мерасонем. Инчунин, мо ба онҳо дар ҳудудҳое, ки барои кишоварзӣ шароит хуб аст, замин ҷудо карда, маслиҳатҳои заруриро медиҳем ва шароит фароҳам меоварем. Инчунин, ҷавонони навкорро ба деҳқонони ботаҷриба вобаста мекунем. Дар он маҳаллаҳое, ки аҳолӣ зич ҷойгир шудааст, барои фаъолияти тадбиркории худро ба роҳ мондани зану духтарон ва ҷавонон медиҳем. Чунки як сартарошхона ё ӯтоқи ороишӣ ҳам кушояд, ба як манбаи даромад соҳиб мешавад.

Дар ноҳияи Самарқанд ҷамъ 2454 оила дар “Дафтари оҳанин”, 5424 нафар писару духтарон дар “Дафтари ҷавонон” ва 2832 нафар зану духтарон дар “Дафтари занон” сабти ном шуда буданд. Аз оғози соли 2020 то имрӯз 2072 оила аз “Дафтари оҳанин”, 3891 нафар шаҳрвандон аз “Дафтари ҷавонон” ва 2832 нафар зан-духтарон аз “Дафтари занон” бароварда шуданд.
Бино ба ҳолати 1-уми июн дар “Дафтари оҳанин” 382 оилаи ниёзманд, дар “Дафтари ҷавонон” 1533 нафар ҷавонони бекор боқӣ монданд. Ҳамаи бонувоне, ки дар “Дафтари занон” сабти ном шудаанд, бо кор таъмин шуданд.
Чанде пеш барои фаъолияти тадбиркории худро ба роҳ мондан ва худро бо кор таъмин кардани 204 нафар шаҳрванд 8 намуди асбобу анҷомҳо тӯҳфа карда шуд.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ