Ҷаҳон

Мулоқот дар Кенагас

Ҳокими вилоят Э.Турдимов дар деҳаи Кенагас бо тадбиркорони ургутӣ вохӯрд.
– Мақсад аз мулоқоти кушода боз ҳам ривоҷ додан, фароҳам овардани муҳити мусоид барои соҳибкорӣ дар Ургут ва ёфтани ҳалли муаммоҳое, ки тадбиркоронро азият медиҳанд, мебошад, – гуфт ҳокими вилоят. – Рақам ва нишондиҳандаҳои зебои ҳисоботҳо ба ҳеҷ кас фоида намеоранд, барои ҳеҷ чиз хизмат намекунанд. Тағйироти куллӣ дар амал шавад ва аҳолӣ инро дар фаровонии зиндагӣ ва зиёд шудани даромадаш баръало ҳис кунад.
Дар вохӯрӣ беш аз 50 муроҷиати тадбиркорон шунида шуд. Баъзеашон саривақтӣ ҳал гардиданд. Барои ҳалли муаммоҳои боқимонда як ҳафта муддат дода шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ