Расонаҳои хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон менависанд

Портали иттилоотию таҳлилии Белгия бо номи “Modern Diplomacy” мақолаеро бо номи «Модернизатсияи системаи андози Ӯзбекистон идома медиҳад» нашр кардааст.

Дар он маълумоти муфассал оид ба тасдиқи лоиҳаи ислоҳоти андоз аз ҷониби Шӯрои директорони иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон оварда шудааст, ки ҳадафи он баланд бардоштани самаранокӣ ва натоиҷи кори Кумитаи давлатии андоз дар пешбурди амалиёт, инчунин хидмати беҳтар ба андозсупорандагон мебошад.

Ба хонандагон инчунин иттилоъ дода шудааст, ки лоиҳа бо маблағгузории 60 миллион доллари Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо маблағгузорӣ дастгирӣ карда мешавад.
Дар мақола таъкид шудааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ислоҳоти андоз ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ афзалият медиҳад.

Гуфтанист, ки ин бори аввал нест, ки дар бораи пешрафти назарраси ҷумҳурии Ӯзбекистон менависанд. Дар Лаҳистон ҳам журнале бо номи “Ӯзбекистон” чоп шуда буд, ки дар он рушди босуръати фан ва техника дар давоми се соли фаъолияти президент Мирзиёевро навишта буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ