Низоми намунавӣ дар бораи ҷамоати шаҳрвандон тасдиқ гардид

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрвандон”, инчунин, бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 18-уми феврали соли 2020 “Дар бораи чораҳои солимгардонии муҳити иҷтимоӣ-маънавӣ дар ҷамъият, дастгирии минбаъдаи институти маҳалла, инчунин, ба сатҳи нав баровардани сохтори кор бо оила ва зану духтарон” таҳти рақами ФП-5938 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 18-уми июни соли 2021 “Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба минбаъд такмил додани фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон” таҳти рақами ҚП-380 имзо гардид.
Мувофиқи қарор:
📋 Низоми намунавӣ дар бораи ҷамоати шаҳрвандон тасдиқ карда шуд.
📌 Тибқи низом тамоми ҷамоати шаҳрвандон аз рӯйи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва миқдори аҳолӣ ба тоифаҳо ҷудо карда мешаванд.
❗️Ҷамоати шаҳрвандон ба сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ дохил намешаванд ва ваколатҳои худро дар қаламрави дахлдор амалӣ мекунанд.
☑️ Шӯрои ҷамоати шаҳрвандон, комиссияҳо доир ба самтҳои асосии фаъолияти ҷамоати шаҳрвандон ва комиссияҳои тафтишӣ мақомоти ҷамоати шаҳрвандон маҳсуб меёбанд.
✅ Мақомоти худидоракунии шаҳрвандон субъекти назорати ҷамоатӣ мебошанд.
📂 Дар ҷамъомади ҷамоати шаҳрвандон шахсоне иштирок мекунанд, ки ба синни 18 расидаанд ва дар қаламрави ҷамоатӣ шаҳрвандон доимӣ, муваққатӣ ё ки асосан истиқомат мекунанд.
🔰 Дар назди ҷамоати шаҳрвандон аз рӯйи самтҳои асосии он комиссияҳои зерин ташкил карда мешаванд:
➖ комиссияи мустаҳкамсозии арзишҳои оилавӣ;
➖ комиссия оид ба кор бо зан ва духтарон;
➖ комиссия доир ба дастгирии иҷтимоӣ ва назорати ҷамоатӣ;
➖ комиссия оид ба ҳифзи экология ва муҳити атроф, ободонӣ ва сабзазоргардонӣ.
Инчунин, дар назди ҷамоати шаҳрвандон гурӯҳи “Маслиҳати пиронсолон”, сохторҳои ҷамоатии “Донишгоҳи падару модарон”, “Шӯрои машваратии бонувон” ташкил карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ