Барои пешрафти иқтисодиёти вилоят

чӣ хел корҳо амалӣ карда мешаванд?

Дар натиҷаи сиёсати оқилонае, ки роҳбари давлатамон пеш меборад, фармону қарорҳои саривақтӣ қабул гардида ва чораҳои дар ин самт муайяншуда аксарияти соҳаҳо муваффақиятҳои назаррасро ба даст меоранд. Аз ҷумла, сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва фаъолии сиёсиву иҷтимоии онҳо баланд мешаванд. Ба дастгирии ҳаматарафаи қисми ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ, ихтисори камбағалӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва манбаъҳои даромад эътибори ҷиддӣ дода мешаванд.
Агар ба муваффақиятҳое, ки дар солҳои истиқлол, аз ҷумла ба нишондиҳандаҳое, ки дар солҳои 2016–2021 дар вилоятамон ба даст оварда шуданд, назар андозем, маҳсулоти умумии ҳудудӣ 2, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,4 ва маҳсулоти истеъмолӣ 2,2 баробар афзудааст. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,9, ҳаҷми сармоягузориҳо ба капитали асосӣ 3,7, бинокорӣ 2,5, гардиши савдои чакана 2,1, ҳаҷми хизматрасонӣ 2, гардиши савдои хориҷӣ 2 ва содирот низ 2 баробар зиёд шуданд.
Бо ташаббуси Президентамон драйверҳои вилоят муайян гардида, бо мақсади пешбурди сиёсати фаъоли сармоягузорӣ нақшаҳои соли 2021 қабул гардиданд.
Бар асоси супоришҳое, ки рӯзҳои 15–16-уми апрели соли ҷорӣ ҳангоми ташрифи роҳбари давлатамон ба Самарқанд роҷеъ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёд кардани салоҳияти саноатии вилоят, пешниҳод гардиданд, ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» васеъ карда мешавад. Дар ҳар ноҳия шӯъбаҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил мекунанд. Агар ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» 94 лоиҳаи сармоягузории арзиши умумиашон 431,4 миллион долларӣ амалӣ карда шаванд, дар оянда бо иҷрои лоиҳаҳои нав якчанд маротиба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, бо мақсади васеъ кардани ҳудуди минтақаҳои хурди саноатӣ, соҳиби бизнеси худ шудани ҷавонон ва дастгирии лоиҳаҳои «start up» дар 43,1 гектар майдони шаҳр ва ноҳияҳо ташкили «Минтақаҳои саноатӣ ва соҳибкории ҷавонон» амалӣ мегарданд.
Мувофиқи нақшаи муайяншуда то 1-уми августи соли 2021 дар 4 мавзеъ (шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, ноҳияҳои Ҷомбой ва Ургут) ва то 1-уми сентябри соли равон дар мавзеъҳои дигар фаъолияти худро оғоз кардани «Минтақаҳои саноатӣ ва соҳибкории ҷавонон» ба нақша гирифта шудааст.
Дар вилоят роҷеъ ба ривоҷдиҳии соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ низ як қатор корҳо амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, ташкил шудани «Маркази сайёҳии Самарқанд», ки арзиши умумиаш 352,7 миллион доллари ИМА аст, барои инкишофи соҳаи туризм аҳамияти калон дорад.
Зиёда аз ин, барои ташкил кардани навъҳои наву замонавии хизмат ба аҳолӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои роҳандозӣ кардани навъи хизматҳо чун «Аутсорсинг» ва «Кейтеринг», «Минтақаҳои органикӣ», «Ландромат», «Глэмпинг», «Каршеринг», «Клининг», «Блокчэйн», «Консалтинг», «Турист-­такси», «Карго» ва ғайра таҳия карда мешаванд.
Барои баланд бардоштани салоҳияти сармоягузории вилоят лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоядорони хориҷӣ амалӣ мегарданд.
Агар соли 2020 дар вилоят аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷии бевосита ва маблағҳои кредити хориҷии зери кафолати давлат набуда 225,8 миллион долларина сармояҳоро аз худ карда шуда бошанд, дар моҳҳои январ-­майи соли 2021 дар умум 46,6 миллион долларина сармояҳо аз худ карда шуданд.
Ғайр аз ин, дар доираи барномаҳои ҳудудӣ дар соли 2020 1252 лоиҳаи 5,5 триллион сӯмина, дар даври гузаштаи соли равон 580 лоиҳаи 2,5 триллион сӯмина амалӣ гардиданд.
Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар вилоят дар соли 2020 335,3 миллион долларро ташкил карда бошад, аз оғози сол 165,7 миллион долларина маҳсулотро содирот карданд.
Мақсади ниҳоии ҳамаи ин корҳое, ки амалӣ шудаанд, розӣ кардани халқ, фароҳам овардани шароити мусоид ва таъмини шуғли аҳолӣ аст. Дар ин роҳ ҳама муттаҳид шуда, ҳаракат кунем, барои баланд шудани мавқеи Ӯзбекис­тон дар ҳамҷамъияти ҷаҳон ҳиссаи худро мегузорем.

Ойбек ХОҶАЕВ,
ҷонишини ҳокими вилоят, сардори
Садорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ