Конфронси ҳамкории минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» гузаронида шуд

23 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» таҳти унвони «Мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ» иштирок намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар анҷуман зарурати ҷалби сармоя барои барқарорсозии устувори иқтисодӣ, дастгирии тиҷорат, таъмини ҳамлу нақли бемамониати молҳои муҳим, ба хусус хӯрокворӣ ва доруворӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист таъкид шуд.
Дар фарҷоми Конфронси мазкур ду санади ниҳоӣ дар бораи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ қабул гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ