Ӯзбекистон аз рӯйи истихроҷи тилло ба 10-гонаи беҳтарини ҷаҳон дохил шуд

Ӯзбекистон байни кишвари саросари ҷаҳон аз рӯйи истихроҷи тилло ба 10-гона (ТОП-10)-и аввалин дохил шуд ва зинаи 8-умро ишғол кард. Дар ин бора
Бино ба маълумоти манбаъ Ӯзбекистон истеҳсоли тиллоро аз 94,6 тонна (соли 2019) ба 101,6 тонна (2020) зиёд кард.
Дар ин рейтинг ҷойи аввалро Хитой ишғол кард, ки дар соли 2020 ҷамъ 368,3 тонна тилло истеҳсол кардааст. Мақоми дуввумро Россия (331,1 тонна), ҷойи сеюм Австралия (327,8 тонна) гирифтанд.
Ба 10-гона (ТОП-10)-и аввалин ИМА (190,2 тонна), Канада (170,6 тонна), Гана (138,7 тонна), Бразилия (107 тонна), Мексика (101,6 тонна) ва Индонезия (100,9 тонна) низ дохил шуданд.
Тибқи маълумоти World Gold Council, то аввали соли 2021 ҳаҷми умумии захираи тилло дар ҷаҳон 35,244 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ