Кӯдаконро низ алайҳи коронавирус эм кунед: тавсияи нави Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Бори нахуст Созмони ҷаҳонии беҳдошт эътироф намудааст, ки кӯдакону наврасон ҳам бояд алайҳи маризии коронавирус эм карда шаванд.
Ин нукта дар тавсияҳои таҷдидшудаи созмони мазкур, ки дар сомонаи СҶБ нашр шудааст, дарҷ гардидааст.
Зимнан, намояндагони СҶБ зикр намудаанд, ки кӯдакону наврасон аслан ин бемориро нисбатан сабуктар паси сар мекунанд.

  • Аз ин рӯ, агар онҳо дар гурӯҳи дорои хавфи шадиди COVID-19 набошанд, онҳо бояд пас аз пиронсолон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва кормандони тиб эмгузаронида шаванд, — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
    Қаблан, ин созмон барои мавҷуд набудани маълумоти кофӣ бобати таъсири ваксин ба организми кӯдак онро тавсия накарда буд.
    Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар Русия масъалаи бо ваксин таъмин намудани наврасон дар баррасӣ қарор дорад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ