Расонаҳо аз бад шудани вазъи салматии МакSим хабар доданд

Вазъи саломатии овозхони машҳури Русия, МакSим (Марина Абросимова) якбора бад шудааст.
Акнун сирояти шушҳои сароянда ба 75 дарсад расидааст, хабар медиҳад шабакаи телеграмии RT бо такя ба намояндаи расмии овозхон.
МакSимро ба палатаи «КТ — 4» гузаронидаанд. Дар чунин ҳуҷраҳо беморонеро ҷой медиҳанд, ки аксари қисмати шушҳояшон сироят шудааст.
Вале, ба ин нигоҳ накарда, то ҳол ташхис аз коронавирус манфӣ аст.
Пештар овозхон дар саҳифааш дар Instagram ба ҳамвандонаш хабар дода буд, ки ӯро бо бемории илтиҳоби шуш дар бемористон бистарӣ карданд.
Он замон, ҳудуди 40 дарсади шушҳои овозхон сироят шуда буд, вале ташхис аз COVID — 19 манфӣ буд. Баъдтар пизишкон овозхонро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ