Дар Ӯзбекистон филиали ИДУКР (ВГИК) кушода мешавад

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Русия масъалаи ифтитоҳи филиали Институти давлатии умумиитифоқии кинематографистони Русия (ВГИК) дар Тошканд баррасӣ гардида, ҳамчунин мавзӯи ҳамкорӣ дар доираи кинофестивали “Марвориди роҳи Абрешим” ба миён гузошта шуд.

Мувофиқи иттилои сомонаи darakchi.uz пешниҳод гардид, ки дар доираи кинофестивали умумиҷаҳонии “Тошкент — марвориди роҳи Абрешим” Рӯзҳои кинои Русия гузаронда шавад.

Намояндагони Русия иқдоми пешниҳодкардаи ҷониби Ӯзбекистонро қобили қабул донистанд. Ҳамчунин, Вазири фарҳанги Русия Олга Любимова кушодани филиали Институти давлатии умумитифоқии киноматографистони Русияро дар шаҳри Тошканд ҷонибдорӣ намуд.

Дар чаҳорчӯбаи маросими мазкур, ректори ИДУКР Владимир Малишев бо директори генералии Оҷонсии Кинематографистони Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов вохӯрӣ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат қайд гардидааст, ки созишномаи аз ҷониби роҳбарияти Институти давлатии умумитифоқии кинематографистони Русия ба имзо расонидашуда яке аз қадамҳои муҳим барои тақвияти муносибати фарҳангӣ-гуманитарии ҳарду давлат маҳсуб меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ