Русия ба чӣ қадар муҳоҷир эҳтиёҷ дорад?

Муовини сарвазир Марат Хуснулин дар ҷаласа бо роҳбарони минтақа дар масъалаи расидан ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ қайд намуд, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои пешгирифта Русия бояд то соли 2024 на кам аз 5 миллион муҳоҷирро ба кор ҷалб намояд.

«Российская газета» суханони Хуснулинро шарҳ дода менависад, ки бо сабаби баста шудани марзҳо ҷиҳати паҳншавии бемории коронавирус норасоии манбаи қувваи корӣ баръало ба чашм мерасад, ки ин имконияти пешрафтро то дараҷае маҳдуд кардааст.

«Роҳбарони минтақаҳо бояд дақиқ намоянд, ки чанд ҷойи кори холӣ доранд, чанд мутахассиси русу хориҷиро ҷалб намудан имкон дорад», — арз дошт, муовини сарвазир.

«Ба воситаи таълим, ҷалби хориҷиҳо ва сафарбар намудани нафақахӯрони бекор метавон мушкилоти қувваи кориро ҳал намуд», илова намуд Хуснулин.

Бояд гуфт, ки барои Русия муҳоҷирати меҳнатӣ зарур буда, судҳои он қариб дар тамоми арсаҳои ин кишвар мушоҳида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ