6 факт дар бораи смайлик

Ҳоло аксари нафароне, ки смартфон доранд барои осонии кори худ ва нишон додани ҳолати доштаашон аз смайликҳо истифода мебаранд, вале то ҳол касе пайдо нашудааст, ки санаи аниқи пайдоиши онҳоро гуфта тавонад. Албатта, фарзияҳо ҳастанд, аммо гуногун ва бо ҳам зид. Дар чунин ҳолат мо нуктаеро меорем, ки аз идея, пайдоиш ва истифодаи смайликҳо мебошад.

  • 19 –уми сентябри соли 1982 Скотт Фалмен проффесори донишгоҳи Каранеги-Меллона соати 11:44 паёми электроние ба истифодабарандагони ARPANET мефиристонад. Ҷумла кӯтоҳ ва дар аввал бемаънӣ ҳам ба назар мерасид: “Ман ба ёд овардам, соли 1960 дар пуфак ва футболкаҳо чеҳраи хандон тасвир ёфта буд, ки бо он, онҳо машҳур буданд. Мо метавонем ин чеҳраро ҳамчун рамз дар клавиатура таҷдид кунем. Ман пешниҳод мекунам, ки ду нуқта, минус ва қавси пӯшидаро истифода барем :-). Ва инчунин қавси кушодро барои нашон додани ғамгинӣ :-(.” Тамоми ҳамкорони ӯ ба хулоса омаданд, ки дар ин чизе ҳаст. Ба ҳамин минвол, смайликҳо аввал дар тахтаи эълонҳои донишгоҳ ва баъд дар тамоми дунё паҳн шуданд;
  • 18-уми июли соли 2018 қадимтарин смайликро гурӯҳи архиологони Туркия ва Италия ҳангоми кофтукоб аз шаҳри Каркамиши вилояти Газиапнтеп ёфтаанд. Смайлик дар болои кӯзаи гилине, ки барои шарбат аст, тасвир шудааст ва тақрибан онро соли 1700 тайёр кардаанд;
  • Барои нишон додани эҳсосоти мусбат, дар асри XVII дар Словакия смайлики табассум истифода шудааст. Дар он адвокати маҳаллӣ бо смайлик аз ҳуҷҷатҳои хондааш қаноатмандӣ нишон додааст;
  • Дар аввалҳои асри XX чор смайликро (ғамгин ва шодмон) композитори чехӣ Эрвин Шулхоф дар нотаҳои намоишномааш «In Futurum» истифода кардааст;
  • Барои ифодаи эҳсосот режиссёр Ингмар Бергман дар филмаш “Портовый город” тасвири услубии чеҳраи инсонро истифода кардааст;
  • Соли 1972 Франклин Лауфрани чеҳраи хандонро ба аудиторияи аврупоӣ пешкаш кард, ки номашро “смайлик” ниҳод. Аз 1 –уми январ рӯзномаи фаронсавӣ “France Soir” промоаксияи “Барои таббасум вақтро ҷудо кунед”-ро оғоз кард. Дар он логотипи смайлик, барои пешкаш кардани хабарҳои хуб истифода мешуд, ки мардум метавонистанд хонданиҳоро интихоб намоянд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ