РИМАМАКИ МО

Дар ҷойи кори Рим Мустақимов – рӯзномаи вилоятии «Самаркандский вестник» ҳама ба ӯ «амак» гӯён муроҷиат мекунанд. Ин на барои он аст, ки вай аз ҳама калонсол мебошад, балки барои он чунин меноманд, ки ӯ ба ҳама мисли амак меҳрубон аст. Меҳрубониҳои ӯ дар суханонаш, ки аз таҳти дил гуфта мешаванд, ифода меёбанд.
Рим Мустақимов ҳар субҳ бо лабони моили табассум, ки аз кору ҳаёташ мамнун аст, ба идора медарояд. Аввал ба утоқи кории худ даромада, сумкаашро мегузорад. Баъд ба утоқи кории ҳамкорон сар мехалонад, ки онҳо рӯзи навро чӣ хел пешвоз гирифтанд¸ кайфияташон чӣ гуна аст, хабардор мешавад. Вай доимо такрор мекунад: «Ҳар субҳ баробари чашм кушода дидани нури офтоб хурсанд шавед. Охир рӯзи нав фаро расидааст. Баъзан одам баъди хобидан дигар чашм накушоданаш ҳам мумкин аст. Одаме хушбахт аст, ки ду чиз дорад: кори дӯстдошта ва оилаи хуб. Пагоҳӣ ба ҷойи кори дӯстдоштааш мераваду бегоҳ бошад, ба оғӯши хонаводаи хубаш бармегардад».
Римамак соҳиби ин ҳар ду чиз аст. Инак, қариб 45 сол боз вай пагоҳӣ ба ҷойи кори дӯстдоштааш меояду бегоҳӣ ба назди аҳли оилааш бармегардад.
Римамак бори аввал ба остонаи «Ленинский путь» (ҳозира «Самаркандский вестник») ҳамагӣ барои як сол кор кардан даромада буд. Вале ин ба ӯ муяссар нагардид. Худи ҳамон рӯз ҳамчун китобдор ба кор қабул карданд. Як сол гузашта, дар идора мусаҳҳеҳ лозим шуд. Вай аз кор рафтанро боз ба қафо гузошт. Хулоса, Рим Мустақимовро ҷавоб надоданд ва ӯ дар кори рӯзнома монд.
– Дар идораи рӯзнома муҳити хуби эҷодӣ ҳукмрон буд, – он солҳоро ба хотир оварда мегӯяд Рим Мустақимов. – Сармуҳаррири рӯзнома Борис Шеголихин коллективи хуберо аз ҳисоби журналистони ботаҷриба ҷамъ оварда буд. Онҳо маро хуш қабул карданд ва ба корҳоям ёрдам расониданд. Ҳоло, ҳар вақте ки ба идора корманди наве ба кор ояд, ман тамоми қувваамро сарф мекунам, ки ба вай ёрӣ расонам. Охир аз одам фақат некӣ боқӣ мемонад.
Дар тӯли ин солҳо чандин шумораи рӯзномаро Римамак хондааст, ҳадду ҳисоб надорад. Зеро солҳое низ буданд, ки рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба мебаромад.
Римамак воқифи тамоми воқеаву ҳодисаҳост. Вай дониши энсклопедӣ дорад ва дар тамоми мавзӯъҳо бемалол сӯҳбат карда метавонад. Ҳарчанд, ки навиштани хабару мақолаҳо кори мусаҳҳеҳон нест, ӯ ба осонӣ хабару мақола ва репортажу очеркҳо менависад. Вай ҳатто ҳикояҳо, махсусан эҷоди ҳаҷвияҳоро дӯст медорад. Якчанд адади онҳо дар китоби бахшида ба 22-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон ва 95-солагии рӯзномаи «Самаркандский вестник» баромада аст, чоп шудаанд.
Моҳи марти соли 2017 амаки мо – Рим Мус­тақимов 60-сола шуд. Ба нафақа баромадан мехост, вале боз ҷавоб надоданд, ки вай дар идораи рӯзнома одами даркорӣ аст.

Шӯҳрат АНОРОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ