Сухан санҷидаву дониста мегуфт

Аз моҳи январи соли 1990 дар вилоят баробари рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» чопи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба роҳ монда шуд. Аз интишори рӯзномаи тоҷикӣ хурсандии мардуми тоҷикзабони Самарқанд, ки солҳои дароз орзуи онро буданд, ҳадду канор.
Он солҳо дар мактаби таълими умумии рақами 41-и ноҳияи Самарқанд ба ҳайси омӯзгор кор мекардам ва гоҳ-­гоҳ дар бораи ҳаёти хонандагони мактабу омӯзгорон, рафти тадбирҳо, навигариҳои ноҳия мақолаву гузоришҳо навишта, ба рӯзномаи «Шарқ тонги» («Субҳи шарқ») мебурдам. Сипас, бо тавсияи масъулони саҳифаи тоҷикии ин рӯзнома Зоҳир Ҳасанзода ва Раҳим Мавлонӣ чанд мақолаи худро ба таҳририяти «Овози Самарқанд» овардам. Бо ҳамин ҳамкорӣ бо ҷамоаи рӯзнома ба роҳ монда шуд ва маро ҳар замон ба ҷамъомаду тадбирҳои худ низ даъват мекарданд. Он солҳо дар таҳририят норасоии кадр муаммои асосӣ буд. Инчунин, хонаҳои корӣ намерасиданд ва аз ноилоҷӣ кормандони якчанд шӯъба дар як хона кор мекарданд.
Моҳи ноябри соли 1990 сармуҳаррири собиқи рӯзнома, устоди азиз, шодравон Норқул Остонақулов (Нор Остонзода) маро даъват карданд. Бо таклифи ин марди ҳалиму хоксор фаъолияти меҳнатии худро дар таҳририяти «Овози Самарқанд» сар кардам. Дере нагузашта, аз 2-юми январи соли 1991 маро сарвари шӯъбаи маънавият таъин намуданд.
Дар таҳририят якҷоя бо сармуҳаррир Нор Остонзода, ҷонишини сармуҳаррир Хурсанд Ҷумъазода, котиби масъул Бахтиёри Ҷумъа, кормандон Ширин Амонов, Мирсафо Камолӣ, Юсуф Раҷабов, Зиё Носир, Акбар Қосимов, Раҳим Мавлонӣ ва дигарон ҳафтае се маротиба рӯзномаро дастраси хонандагон менамудем. Кор мушкилиҳои зиёд дошт. Гоҳо то поси шаб ва гоҳо то субҳ дар корхона мемондем. Новобаста аз ин кормандон сидқидилона меҳнат мекарданд.
Нор Остонзода ба ҳамаи ин мушкилиҳо сабр карда, аз душвориҳо наҳаросидаву бо дили гарм кор мекард ва доим таъкид менамуд, ки «поёни шаби сиёҳ сафед аст». Марди бомаданияту маърифатдӯст, меҳнатдӯсту ҳақиқатҷӯй, боадолату хоксор буд. Ҳамаро падарвор дӯст медошт ва роҳнамоӣ менамуд. Аз кормандон маслиҳатҳои муфиди худ­ро дареғ намедошт. Бо хушгуфторӣ, муомилаи нек зуд аз дили мусоҳиби худ ҷой меёфт. Ғайр аз ин, ба тарзи ҳаёти солим низ алоҳида эътибор медод. Одати аҷибе дошт. Ҳар рӯз пас аз хӯроки нисфирӯзӣ қад-­қади бинои нашриёт 5–6 маротиба равуо мекард. Гоҳо дар ин «машқи ҷисмонӣ» ман низ устодро ҳамроҳӣ мекардам. Доим дар мавриди беҳтар намудани сифати мақолаҳо, мӯҳтавои рӯзнома, афзун сохтани шумораи муштариён ҳарф мезад.
Моҳи ноябри соли 1991 маро насиб кард, ки бо Н. Остонзода дар шаҳри Ялтаи Қрим истироҳат намоем. Моро дар ин ҷо зани тотортаборе роҳбаладӣ намуд. Дар як меҳмонхонаи зебо ҷой гирифтем.
Ҳар саҳар бо Н. Остонзода танро обутоби ҷисмонӣ медодем. Пас аз хӯроки наҳор ба зиёрати ҷойҳои таърихӣ, кӯҳҳо, соҳили баҳри Сиёҳ, музей ва истироҳатгоҳҳо мерафтем.
Н. Остонзода ҳар рӯз, пас аз хӯроки шом дафтарчаи ёддоштии худро гирифта, баъзе маълумотҳоро қайд мекард.
Дар бораи хислатҳои ҳамидаи ин инсони поктинату ботамкин ҳар чӣ қадар сухан ронем, кам аст. Инсони ҳалол, кордон ва ростгӯву бовиҷдон буд.
Қадри суханро медонист. Сухан санҷидаву дониста мегуфт. Воқеан, оне, ки қадри сухану аҳли қаламро медонад, ба ҳурмату эҳтиром сазовор мешавад.
То имрӯз бо рӯзнома ҳамкорӣ дорам. Ҳар гоҳе ба ин даргоҳи муқаддас равам, он солҳое, ки дар рӯзнома меҳнат карда будам, пеши назарам намоён мешавад. Устодонеро, ки якҷоя кор карда будем ва ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, ба хотир меоварам. Ҳамкасбон ва шогирдонро дида, хурсанд мешавам. Бояд гуфт, ки имрӯз хонаҳои корӣ зиёданд ва пойгоҳи моддиву техникии таҳририят низ мустаҳкам гардидааст. Барои кормандон ҳамаи шароитҳо фароҳам аст, ки аз диданаш чашм меболад ва ин ҳама аз ғамхориву эътибори ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи матбуот мебошад.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ