Ӯзбекистони нав дар нигоҳи ҷавонон

Инсон аз рӯзи таваллуд бо ҳисси муҳаббат ба Ватан ба даври пирӣ мерасад. Хӯш, дар ин муддат ӯ аз имкониятҳое, ки Ватан ба ӯ медиҳад, чӣ тавр истифода мебарад ва баръакс, Ватан аз ӯ чӣ манфиате мебинад? Мо мехоҳем аз ҳамин нуқтаи назар дар бораи ислоҳоте, ки Ӯзбекистон дар ин замина амалӣ мекунад, сухан ронем.
Ба таърихи дур намеравем, раисҷумҳури Ӯзбекис­тон рӯзи 2-юми марти соли 2020 бо фармони рақами ФП‑5953 Барномаи давлатиро тасдиқ кард. Барои таъмини иҷрои банди 21-и ин барнома лоиҳаҳои таъсиси «Порлумони ҷавонон» дар назди Маҷлиси қонунгузории Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, низом ва сохтори ташкилии он таҳия гардид. Ҳадафи асосӣ аз таъсиси «Порлумони ҷавонон» дастгирии ҷавонон, беҳтар кардани саводи сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо, ба қишри фаъоли сиёсии ҷомеа табдил додани ҷавонон ва афзудани таҷрибаи онҳо ба ҳаёти порлумонӣ буд.
Як исботи дигари рушди босуръати мо ин аст, ки дар 4 соли гузашта дар саросари кишварамон 43 муассисаи таълими олӣ таъсис ёфт ва шумори умумии онҳо беш аз 140-то шуд. Параметрҳои қабул ба донишгоҳ ва донишкадаҳо 2,5 баробар рушд кард ва фарогирии ҷавонон дар заминаи таълими олӣ аз 9 дарсад ба 25 дарсад расид.
Бемуболиға, ҷавонон имрӯз дар ҳаёти давлат ва ҷомеа хеле фаъоланд. Масалан, шумори аъзои Иттифоқи ҷавонон ҳоло 7 миллиону 690 ҳазор нафар мебошад. Агентии кор бо ҷавонон ва Бунёди «Ёшлар-келажагимиз» («Ҷавонон – ояндаи мо») ба даври систематикӣ кори худро идома медиҳанд.
Бояд таъкид кард, ки дар вилоятҳои кишвар ба ҷавонон дар корҳои роҳбарии давлат имкониятҳои калон дода мешавад. Ҳоло беш аз 10 нафар ҷавон ҳамчун ҷонишини ҳоким ва чандин нафар дар дигар мансабҳо фаъолият доранд.
Соли равон бо пуштибонии Созмони милали муттаҳид форуми ҷаҳонии «Таълим дар заминаи ҳуқуқи башар», анҷумани ҷаҳонии ҷавонон дар бораи ҳуқуқи ҷавонон ва конфронсҳои минтақавӣ дар масъалаҳои озодии динӣ баргузор шуданд.
Имсол як қарори муҳим дар зиндагии ҷавонони Ӯзбекистон ҷорӣ шуд. Ҳукумат рӯзи 13-уми апрел бо қарори рақами 209 дар бораи пардохт кардани хароҷоти имтиҳони ҷавононе, ки аз рӯи сохтори байналмилалии имтиҳон балли баланд мегиранд, тасмим гирифт.
Хулоса, дар 5 соли гузашта дар кишварамон беш аз 20 қонун, фармон ва қарори вобаста ба ҷавонон қабул шуд, ки онҳо тасдиқи боварии ҳукумат ба ҷавонон – ояндаи мо мебошад.
Таъмини манфиати ҳуқуқ ва манфиати қонунии ҷавонон, рӯёб намудани орзу ва мақсад, нишон додани қобилият ва салоҳияти онҳо аз самтҳои муҳим ва устувори сиёсати давлати мо ба шумор меравад.

Абдулло АСЛОНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ