Сардори СУТ даъват кард, ки ба пандемияҳои нав омода бошем

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд сабақҳои пандемияи ҳозираи коронавирусро ба назар гирад ва ба эпидемия ва пандемияи нав омода бошад. Дар ин бора директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адан Гебрейесус рӯзи душанбе хабар дод.
Зимни муроҷиат аз тариқи равобити телевизионӣ ба иштирокдорони ҳамоиши тандурустии давлатҳои ҷазираи хурд ӯ гуфт: «Мо бояд сабакҳоеро, ки пандемия ба мо медиҳад, азхуд кунем».
Тавре ки роҳбари СУТ таъкид кард, бояд «барои омодагӣ ба эпидемия ва пандемияи нав, пешгирӣ, ошкор ва вокуниши сареъ ба онҳо дар асоси фарогирии хидматҳои нигаҳдории тандурустӣ ва кӯмаки аввалияи санитарии тиббӣ ҳама чизи имконпазирро анҷом диҳем».
Гебрейесус дар бораи пандемияи COVID-19 сухан ронда, диққатро ба «нобаробарии ваксина ва миллатгароии ваксина» ҷалб кард, ки «тафовути байни кишварҳои даромадашон баланд ва паст» афзоиш меёбанд. Тибқи гуфтаи ӯ, 77% ҳамаи эмкуниҳо алайҳи коронавирус ҳоло танҳо дар 10 кишвари ҷаҳон сурат мегиранд. Дар айни замон, аксарияти кишварҳои камдаромад «то ҳол ваксинаи кофӣ надоранд, то ба шумораи аҳолии осебпазир ва зери хатар бирасанд».
«Агар кишварҳо фавран ваксинаҳоро бо механизми COVAX ба ҳам бинанд ва агар истеҳсолкунандагон фармоишҳои COVAX-ро дар мадди аввал гузоранд, пас мо метавонем на камтар аз 10% аҳолии ҳар кишварро то моҳи сентябр ва на камтар аз 40% -ро то охири сол эм кунем» гуфт директори генералӣ. Вай хотиррасон кард, ки то моҳи сентябр «250 миллион дозаи ваксинаи иловагӣ» пайдо кардан лозим аст.
СУТ ба механизми COVAX аҳамияти калон медиҳад. Тибқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд барои хариди ваксинаҳо барои кишварҳои камдаромад ба ҳар сари аҳолӣ пардохт мекунанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар чаҳорчӯби ин механизм, то охири соли 2021, 2 миллиард доза ваксинаи коронавирусӣ тавлид ва дар саросари ҷаҳон баробар тақсим карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ