Путин бо Назарбоев дар Маскав мулоқот хоҳад кард

Рӯзи 30-юми июн дар Маскав мулоқоти раҳбари Русия, Владимир Путин ва президенти нахустини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Маълум аст, ки сиёсатмадори қазоқ бо сафари корӣ ба Маскав меояд. Дар ҷараёни мулоқот Путин ва Назарбоев масъалаҳои рушди ҳамкориҳои ду кишвар ва инчунин таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаро баррасӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, сиёсатмадорон ба масъалаҳои пешбурди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё, инчунин ба баъзе мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ дахл хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия ва собиқ сарвари Қазоқистон мунтазам мулоқотҳо баргузор мекунанд. Мулоқоти охирини Путин ва Назарбоев дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки аввали моҳи июн баргузор гашта буд, доир шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ