Табибони ҷопонӣ роҳҳои пешгирӣ аз коронавирусро пешниҳод карданд

Бо изҳори табибони ҷопон, вируси куруно дар вуҷуди инсон ба мӯҳлати 28 рӯз пинҳон мемонад. Ҳангоме, ки таби инсон баланд мешавад ба таб кардан шурӯъ мекунад, аллакай 50 дарсади шуш аз моеъи сафедранг пур шуда, инсонро метавонад дар дами марг қарор диҳад. Табибон ба ин ҳолат чунин тавсия медиҳанд, ки инсон ҳар 10 дақиқа бояд об нӯшад ва нагузорад, ҳалқаш хушк монад. Агар вирус вориди даҳон шавад метавонад вориди ной шуда, аз он ба шуш интиқол ёбад. Дар сурати нӯшидани оби зиёд вирус вориди меъда шуда, оксиди меъда онро нобуд мекунад. Инчунин, ҳар субҳ пас аз хоб хестан нафаси амиқ кашида, муддати 10 сония нафасро дар худ нигоҳ дошта, сипас онро ба берун баровард. «Дар ҳолати ба сулфа науфтодан ва эҳсоси тангии нафас накардан маълум мешавад, ки зарфияти шуши ӯ комил буда, мушкиле барояш пеш наомадааст. Дар ҳолати омадани сулфа ё нафастангӣ ба пизишкон муроҷиат намудан муҳим аст» — мегӯянд табибони ҷопонӣ. Ғайр аз ин, мутахассисон аз аҳолии ҷаҳон хоҳиш менамоянд, ки ба ҷуз аз ба таври муқаррарӣ шустани дасту рӯй бо собун, инчунин тавсияҳои мазкурро дар хона анҷом додан метавонанд бемориро саривақт пешгирӣ намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ