Теъдоди сарватмандони Эрон 21 фоиз афзоиш ёфтааст

Нашрияи иқтисодии “Forbes” дар гузорише навишт, ки бо вуҷуди ташдиди таҳримҳо ва шуюи густардаи корона, теъдоди эрониёни сарватманд дар соли 2020 беш аз 21 дарсад нисбат ба соли қабли он бештар шудааст, Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳисоби миёна дар ҷаҳон 6,3 дарсад будааст. Сарвати ин афрод низ тайи ҳамин сол бар ҳасби доллар 24.3 дарсад афзоиш доштааст.

Аз ҷумлаи далелҳои аслии афзоиши сарвати бархе афрод, рушди бесобиқаи 625 дарсадии шохиси бурси Теҳрон дар соли 2020 буд. Давлати Эрон ҳимояти зиёди аз рушди бурс кард ва як дарсад аз захираҳои сандӯқи сарвати миллиро ба ин бозор тазриқ кард.

Акнун ҳудуди 250 ҳазор сарватманди миллионер дар Эрон вуҷӯд дорад. Бахши дигаре аз ин милионерҳо сарвати худро монанди дигар нуқоти ҷаҳон аз арзҳои диҷиталӣ ба даст овардаанд. Ба навиштаи ин нашрия, давлати Эрон тасҳилоте барои истихроҷи арзҳои диҷиталӣ фароҳам карда, ки ин фаъолиятро барои бисёре сӯдовар кардааст.

Эрон дар ҳавзаи тавлиди илм низ пешрафтҳои шоёне доштааст ва аз ҷумлаи онҳо дар илми нано аст, ки муҳаққиқони эронӣ бо интишори беш аз 12 ҳазор мақола дар маҳаллоти муътабар намояшуда дар ISI дар соли 2020 , рутбаи чаҳоруми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар донишнаноро дар дунё тасбит карданд.

Бо вуҷуди мушкилиҳои вобаста ба таҳрим дар соли гузашта, Эрон ба беш аз 143 кишвари ҷаҳон ба арзиши 34 милиарду 998 миллион доллар содирот доштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ