Зинаи нави омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ

Соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон, ки бобати ба давраи нави тараққиёт баровардани мамлакат мақсадҳои бузургро назди худ гузоштааст, интихоботи президентӣ гузаронида мешавад. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар асоси қонунгузории нави миллӣ, бо риоя ба стандартҳои байналхалқие, ки мавриди эътироф қарор гирифтааст, тамоюлҳои демократӣ ва дар муҳити куллан нав баргузор хоҳад гашт.
Бо мақсади дар амал таъмин гардидани ошкорогӣ ва шаффофӣ дар интихобот аз тамоми ташкилотчиён, аз комиссияҳои интихоботии қитъавӣ сар карда, то Комиссияи марказии интихоботӣ талаб карда мешавад, ки кори худро дар асоси принсипҳои демократии пешқадам ва дараҷаи баланди ташкилӣ ба роҳ гузоранд.
Такмил ёфтани қонунгузории интихоботӣ бо эътибор пайдо кардани қонун дар бораи ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунии Ӯзбекистон аз 8-уми феврали соли равон баҳри кафолати ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, таъмини васеи иштироки онҳо дар идоракунии давлатию ҷамъиятӣ омили муҳим хоҳад гашт.
Маълум, ки бинобар воридшавии дигаргуниҳо ба қонунгузории интихоботии Ҷумҳурия­ти Ӯзбекистон дар соле, ки муддати ваколати конститутсионии депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, депутатҳои мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ба охир мерасад – дар якшанбеи якуми даҳрӯзаи сеюми моҳи октябр интихобот баргузор мегардад.
Корҳое, ки ҳоло вобаста ба омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ амалӣ мегарданд, дар асоси Кодекси интихоботӣ бори нахуст дар вазъи ҳамдастӣ бо ташкилотҳои ҳамкор ба тадриҷ ба амал бароварда мешаванд. Инчунин, дар ин самт барномаи чораву тадбирҳо низ таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар ин барнома ҳамаи корҳои татбиқшаванда ифодаи пурраи худро ёфта, муддати иҷро ва иҷрогарони масъул низ аниқ нишон дода шудаанд.
Имрӯзҳо дар асоси барномаи чорабиниҳо дар минтақаҳо барои ҳамаи аъзои комиссия­ҳои интихоботии ҳавзавӣ ва қитъавӣ анҷуманҳо, тренингҳо, машғулотҳои таълимӣ, конфронсҳо, сӯҳбатҳои даврӣ ва дигар чорабиниҳо, аз ҷумла, мулоқотҳои онлайн доир мегарданд.
Инчунин, дар барномаи чорабиниҳои асосӣ оиди ҷорӣ сохтани технологияҳои коммуникатсионии замонавӣ, дар ин ҷараён ташкил сохтани корҳои хабарӣ-­фаҳмондадиҳӣ, дар вазъи баҳисобгирии шароити пандемияи коронавирус омодагӣ ба интихобот вазифаҳои аниқ муайян карда шуданд.

З.КАРИМОВ, раиси суди маъмурии байниноҳиявии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ