Миёни Федератсияҳои миллии шиноварии Ӯзбекистону Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

27-29 июн дар Маҷмааи варзишии “Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи анъанавӣ варзишгарон аз кишварҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд.
Варзишгарон дар масофаҳои 50 метр, 100 метр, 200 метр, 400 метр равияҳои тарзи озод, пуштнокӣ, батерфляй, брасс, инчунин эстафета сабқат карданд.
Сардовари мусобиқа довари дараҷаи байналмилалии FINA, ҳамватанамон Шерзод Иногамов буд.
Бештари медалҳоро варзишгарони Россия ба даст оварда (13 тилло, 7 нуқра, 5 биринҷӣ), ҷои аввалро ишғол намуданд. Ҷои дуюми даставӣ бо 9 медали тилло, 11 нуқра, 5 биринҷӣ насиби тими мамлакатамон шуд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 5 нуқра, 13 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол намуд.
Дар доираи мусобиқа, ҳамчунин миёни Федератсияҳои миллии шиноварии Ӯзбекистону Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери санад котиби генералии Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва котиби генералии Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон Шерзод Иногамов имзо гузоштанд.
Ҳамчунин, ба котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо “Сипоснома”-и Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон тақдим карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ