Пас аз даҳ соли дигар мошинҳо ба парвоз медароянд

The Guardian навишта, ки роҳбари аврупоии ширкати Hyundai Майкл Коул пайдоиши мошинҳои парвозкунандаро дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон то соли 2030 башорат додааст.

Онҳо ба ҳалли мушкили бандҳо (пробка, затор) ва коҳиш додани партовҳои зарарноки мошинҳо мусоидат мекунанд. Мувофиқи гуфтаи истеҳсолкунандаи машҳури мошинҳо, ширкат барои ҳаракати ҳавоии шаҳр «сармоягузории хеле назаррас» гузоштааст. Коул илова кард: «Мо боварӣ дорем, ки ин дар ҳақиқат як қисми намоёни оянда аст,»

Моҳи январи соли 2020 дар Лас Вегас намоишгоҳи Consumer Electronics Show баргузор шуд. Ширкати Hyundai дар ҳамкорӣ бо Uber консепсияи таҳияшудаи мошини парвозкунандаро намоиш дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ