24 соат: шумораи гирифторони коронавирус 437 548 нафар афзуд

Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 437 ҳазор афзоиш ёфта, аз 183,86 миллион гузашт, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:30 (ба вақти Тошканд)-и 3 июл, ба СУТ дар бораи 183 865 281 сироятшуда ва 3 980 256 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 437 548 нафар ва фавтидагон 8 495 нафар афзудааст.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 580 198. Баъд аз он Ҳиндустон (30 502 362), Бразилия (18 687 469), Франсия (5 780 648), Россия (5 561 360), Туркия (5 435 831), Британияи Кабир (4 855 169), Аргентина (4 512 439), Колумбия (4 297 302), Италия (4 261 582), Испания (3 833 868) ва Германия (3 737 611) қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ