Ӯзбекистон

Тоҷикистон боҷро барои мошинҳои Ӯзбекистон кам кард

Тоҷикистон меъёри боҷи суғуртаро барои вуруди воситаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон ба қаламрави худ чандин маротиба кам кард.Шаҳрвандони Ӯзбекистон акнун барои ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон бо автомашинаи сабукрав вобаста ба ҳаҷми муҳаррик 15-20 сомонӣ (15000-19000 сӯм) боҷ пардохт мекунанд, хабар медиҳад ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КВД “Тоҷиксуғурта”.Қаблан барои ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо автомашинаи сабукрав аз шаҳрвандони мо дар ҳаҷми наздики 52 доллар боҷи давлатии суғурта ситонида мешуд, ки қариб ба меъёри қаблан муқарранамудаи ҷониби Ӯзбекистон баробар буд.Нимаи моҳи июн Ӯзбекистон меъёри боҷи вуруди автомашинаҳо аз Тоҷикистонро поин бурд: аз 14-уми июн шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави кишвари мо бо автомашинаи сабукрав тақрибан 15-20 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ