Ӯзбекистон

Ҳамкориҳо ба пешрафти иқтисодиёт хизмат мекунанд


Рӯзҳои 12-13-уми августи соли ҷорӣ
дар Маркази ҷавонони Самарқанд дар доираи ташрифи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурияти Корея дар Ӯзбекистон, раиси «Маркази бизнеси Корея – Ӯзбекистон» Ким Чанг Кеон ба Самарқанд вохӯриҳо дар формати В2В ва G2B дар савияи баланд шуда гузаштанд.
Дар форум ҳокими вилоят, ҷонишинони ӯ, тадбиркорони Ҷумҳурияти Корея ва вилояти Самарқанд, инчунин дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Ойбек Хоҷаев тадбирро кушода, суханро ба ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дод.


Э. Турдимов меҳмононро хайра мақдам намуда, оиди ташрифи солҳои гузаштаи Президентҳои ҳар ду мамлакат ба Корея ва Ӯзбекистон, алоқаи дӯстии байниҳамдигарии ин мамлакатҳо, аҳамияти онҳо дар ривоҷи иқтисодии Ӯзбекистон, фаъолияти имрӯзаи корхонаҳои муштараки Кореяю Самарқанд, лоиҳаҳои инвеститсионии тадбиркорони кореягӣ ба Самарқанд ва ғайра ҳарф зад.
Сипас, Ким Чанг Кеон доир ба алоқаи дӯстонаи хар ду мамлакат, барои тадбиркорони кореягӣ муҳайё будани шароитҳо дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» ва дигар ҷойҳо, амалишавии лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ, туризм, фармасевтика, хоҷагии қишлоқ ва ғайра маълумот дод.
Баъди ҳамин, тақдимоти О. Хоҷаев «Салоҳияти инвеститсионии Самарқанд» ба ҳозирон шунавонида шуд.
Дар тадбир тақдимоти вакилони компания ва фирмаҳои «Alchеra», «Neo Saram – Jasper Corp» ва «CAR123»-и Корея бар гузор гардид.
Дар қисми дуюми тадбир вохӯрӣ ба тарзи В2В ба амал омад. Тадбиркорони кореягӣ ба соҳибкорони самарқандӣ оиди фаъолияти компания ва фирмаҳояшон, маҳсулот ва хизматрасонӣ маълумот доданд.
– Фирмаи мо аз соли 1999 фаъолият пеш мебарад. Фирма аз рӯйи 4 лоиҳа: сервис аз рӯйи лизинги мошинҳо, иҷораи мошинҳо, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва бо смартфонҳо аниқ намудани ҳолати техникии мошинҳо ба мизоҷҳо хизмат мерасонад, – гуфт вакили фирмаи «CAR123» хонум Сонг Хва Юн. – Мо сервиси микроавтомобили яхдондори фирмаамон, ки барои кашондани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пешбинӣ ва дар 20 мамлакати хориҷӣ ташкил шудааст, дар Самарқанд ҳам ба роҳ мондан мехоҳем.
Дар вохӯрӣ тадбиркорон оиди ҳамкорӣ гуфтугӯ карданд.


Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ