Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 80-сола шуд


Рӯзи нави корӣ. Муайяна Хоҷаева бошитоб вориди утоқи корӣ шуданд, таҳия кардани хабари муҳимеро ба ман супориш доданд ва худ сари компютер нишастанд.
Ман ки мавзӯъро медонистам ба навиштан сар кардам, аммо устодам гуфтанд:

  • Исто бачем, ин гуна хабарҳои муҳими сиёсиро оромона ва кӯтоҳтар навиштан лозим аст.Матн набояд калон шавад. Биё, бо ин калима оғоз мекунем…
    Офтобам ба ман доимо “бачем, духтарам” гӯён муроҷиат мекарданд ва ҳанӯз ҳам ҳамин тавр аст. Устод мегуфтанд:
  • “Дар ҳар кор як азму шуҷоат, чашмикордонӣ, муҳаббат ва донишмандӣ лозим аст, бачем. Ту бисёртар бо халқ дар мулоқот бошу ҳамдарди одамон шав, зеро агар муваффақият ва ё камбудии халқро надонӣ, ту ҳеҷ гоҳ ҳамқадами замон шуда наметавонӣ, ба одамон ҳамчун журналист ёрӣ расонида наметавонӣ”.
    Мо ҳанӯз сари ҳар коре аз устод маслиҳат мепурсем, дарси зиндагӣ меомӯзем.
    Муайяна Хоҷаева зодаи гузари “Боғи баланд”-и Самарқанд буда, ба қавли худашон “байни анҷирзорҳои шаҳри кӯҳан” ба камол расидаанд. Устод соли 1958-ум мактаби миёнаи №6-уми ноҳияи Сиёбро хатм карда, баъдан дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсилро давом додаанд. Зиёда аз 40 соли фаъолияти Муайяна Хоҷаева дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ҳоло “Овози тоҷик”) гузашт. Матну мақолаҳои пурмӯҳтавои устод саҳифаҳои рӯзномаро рангинтар мекард.
    Имрӯз журналисти шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хӯҷаева зодрӯз доранд, бино бар ин мо бо устод сӯҳбат карем.
    Саволи якуми мо дар бораи ислоҳот ва дигаргуниҳо дар Ватанамон буд.
    Устод гуфтанд:
  • Аз ин ки дар замони истиқлол зиндагонӣ мекунаму ба ин рӯзҳо расидам хеле ва хеле хурсанду масрурам. Бубинед, кӯчаву майдонҳои тангу тори даври бачагиам, ин мадрасаҳо, ки тӯли солҳо бетаъмир монда буданд, ҳоло дар даври истиқлол чӣ қадар зебою гаштаанд. Дар кӯчаҳои Мирзо Улуғбек ва Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз агар гаштугузор кунам, пеши назарам тамоман лавҳаҳои дигар меоянд. Он вақтҳое, ки мисли ҳозира автобусу таксиҳо набуданд, мо баъди дарси донишгоҳ пои пиёда то Қӯшҳавз, то хонаамон меомадем.
    Ҳозир чӣ? Оё ин ҳама ободиву сарсабзу хуррамӣ бо шарофати истиқлол нест магар? Аз ҷиҳати иқтисодӣ, маънавию маърифӣ мамлакати мо хеле боиқтидору пурқувват гашта, барои таҳсил ва кори ҷавонон ва ҳам аҳолӣ шароитҳои хуб фароҳам аст.
    Бинед, ҷавонони имрӯз чи имкониятҳое доранд. Онҳо дар хориҷ таҳсил мекунанд ва ба Ватан бармегарданду саҳми худро ба шукуфоии он мегузоранд. Аз ин, ман бисёр-бисёр шодам. Аз он, ки зодаи ин сарзамини ҷаннатмаконам фахр мекунам ва Самарқандро дӯст медорам.
    Ватандӯстиву меҳанпарварӣ дар хуни мо ҳаст. Ман солҳои 70-уми асри гузашта бо шавҳарам – биолог Ғаффор Раҳимов муддате дар Америкаи Лотинӣ, аз ҷумла дар Куба дар сафар будам ва баъди як моҳи мусофират дар назди уқёнусу халиҷи Мексикаву Гавана, Ватани азизам, Ӯзбекистони офтобиро хеле ёд кардам. Ҳатто дар тақвим ҳар рӯз якто якто хат мекашидам ва рӯз мешуморидам, ки кай ба Ватан бармегашта бошему ман хоки Ватанро мебӯсам.
    Устод азбаски забони испаниро хуб медонанд, солҳои сафар дар Куба мақолаҳое ба ин забон навиштаанд, ки онҳо дар рӯзномаи “Гранма”-и Гавана нашр шудааст.
    Муайяна Хоҷаева дар идома гуфт:
  • Ман дар бораи тарҷумон, маорифпарвар, мударрис, шоири зуллисонайн ва равшанфикри Самарқанд Саид Аҳмади Васлӣ корҳои тадқиқотӣ бурда китобе таълиф намудам. Саид Аҳмад Васлӣ навиштааст:
    -“Ватанро дӯст доред, куҷо ки бошед, боз ба Ватан баргардед, ба тараққиёти Ватан ҳиссагузорӣ кунед, на барои пул ва на барои дигар чиз, балки барои маънавият ва маърифат кӯшед, то давлатамон мустаҳкаму боиқтидор гардад”.
    Соли 1963 Муайяна Хӯҷаева якҷоя бо профессори Донишгоҳи Давлатии Самарқанд Аслиддин Қамарзода дар бахши тоҷикии радиои Самарқанд ҳамчун муҳаррир ва сухандони аввали радио ба забони тоҷикӣ фаъолият бурдаанд ва ҳамзамон ба тарҷумаи повести Чингиз Айтматов – “Муаллими аввалин” ҳам шурӯъ намудаанд.

Устод таъкид мекунанд, ки имрӯз ҷавонон бояд ҳар чи бештар китоб хонанд. Зеро шахси китобхон дунёро медонад, ҷаҳонбиниашон васеъ мешавад, инсони комил мегардад. Барои ҳамин бояд бештар мутоли кунем ва китоб хонем, муносиби бузургони гузаштаи худ бошем. Бахт ин доштани моддиёт нест, бояд аз ҷиҳати маънавӣ бой бошем. Халқи мо, фарзандони мо бомаърифат шаванд, илм омӯзанд.

  • “Мехоҳам ҷавонони мо хушбахт бошанду ҳамеша дар мамлакати тинҷу обод сарбаланду сарфароз гарданд, тинчиву амонӣ дар мамлакати мо ҳамеша ҳукмфармо бошад”.
    То ба имрӯз китобҳои “Ризвон эрур Ватан”, “Тоҷи шараф”, “Армуғони Васлӣ” ва ғайра рӯи чопро дидаанд.
    Мо тамоми ходимони телешабакаи СТВ “Садо ва симои Самарқанд” , шогирдон ва роҳбарият бо сарварии таъсисчиён Фирдавс Фаридунович Абдухолиқов ва Холида Абдухолиқова, Шаҳло Аҳророва, Замира Норова, Дилрабо Назарова, Фаррух Йӯлдошев ва Зокир Асроровҳо ва дигарон устоди азиз Муайяна Хӯҷаеваро БО РӮЗИ ТАВАЛЛУДАШОН ТАБРИК МЕНАМОЕМ! Устоди мӯҳтарам садсола шаведу баъ аз он пир шавед!
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ