Ғалла-2021: ноҳияи Пастдарғам дар вилоят хирмани калонтаринро бунёд кард.


Зафар муборак, ғаллакорони пастдарғамӣ!
Соли ҷорӣ ғаллакорони пастдарғамӣ аз ҳар гектар ғаллазор ба ҳисоби миёна 60-65 сентнерӣ ғалла расонда, реҷаи солонаи ба давлат ғаллафурӯширо сарбаландона иҷро карданд.
Соли ҷорӣ дар ноҳия аз ҷониби 282 хоҷагии фермерӣ ба 17465 гектар замин навъҳои маҳаллии серҳосил ва тезпазаки ғалла, мисли “Давр”, “Бардош”, “Андиҷон-2”, “Дружба”, “Звезда” расонда шуд. Дар тадбирҳои ғаллаҷамъоварӣ 34 адад комбайни ғалладарав, 166 адад техникаи боркашон, 5 дона устохонаи сайёр, 10 адад техникаи сӯзишворӣ тақсимкунанда ҷалб гардид.
Дар натиҷаи ин, дар вилоят хирмани калонтарини 38000 тоннагӣ бунёд гардид.
Хоҷагиҳо ба хирмани давлат боз 44425 тонна ғалла супурда, реҷаи давлатии ғаллафурӯширо ба 111 дарсад иҷро карданианд.
Дар ноҳия ғалладаравӣ идома дорад.
Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ