Сохтмону бунёдкориҳо – барои беҳбудии зиндагонии мардум

Имрӯзҳо дар маҳаллаи Янги ҳаёти шаҳри Самарқанд корҳои сохтмониву бунёдкорӣ бо суръати баланд давом дорад. Албатта, дар ҳар ҷое, ки сохтмон давом меёбад, каму беш нобасомониҳо ба назар мерасанд. Равуои мошинҳои гуногун зиёд мешаванд. Дар канори роҳҳо хоктеппаву қуму шағал пайдо мегарданд. Баъди гузаштани нақлиёт чангу хоки роҳҳои дохилӣ ба ҳаво мехезанд. Дар баъзе ҷойҳо чуқуриҳо ва хоки ду тарафи онҳо баръало намоёнанд. Аз ин гуна ҳолатҳои ношояму номусоид мардуми маҳалла дилгир не, баръакс мамнунанд, ки маҳаллаашон баъди сохтмону бунёдкориҳо боз ҳам ободу зеботар мегардад.
– Маҳаллаи мо навбунёд аст, – гуфт ҳангоми сӯҳбат раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Саид Юлдошев. – Он соли 1990 ташкил шудааст. Ҳоло дар 620 хонадони ин маҳалла бештар аз 2 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Дар ин ҷо як мактаби таълими умумии ҳамагонӣ, ду боғча, як пункти табобатии деҳот ва бисёр нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ амал мекунанд. Пештар вазъи маҳаллаамон бад буд. Мардум аз носозии роҳҳо, нарасидани оби ошомиданӣ, зуд-зуд қатъ шудани қувваи барқ ва дигар майда-­чуйдаҳои зиндагонӣ азият мекашиданд. Ҳаминҳоро ба назар гирифта, роҳбарони вилоят ва ҳокимияти шаҳр маҳаллаи моро ба барномаи соли 2021‑и «Маҳаллаи обод» дохил карданд. Дар натиҷа корҳои сохтмониву азнавсозӣ дар маҳалла аз моҳи марти соли равон сар шуданд. Роҳи асосии даромадгоҳи маҳалла пурра тахту ҳамвор ва асфалтпӯш гардонида шуд. Роҳҳои дохилии байни маҳалла ҳам асфалтпӯш карда мешаванд.
Мувофиқи барномаи «Маҳаллаи обод» дар ин ҷо асфалт кардани 5,2 километр роҳ, таъмири 7,3 километр системаи хати об, сохтмони ду чоҳи артезианӣ, бунёди 7 километр роҳи пиёдагард, азнавсозии 1,6 километр шабакаи барқӣ, шинондани 1 трансформатори нав ва ғайра дар назар дошта шудааст. Баробари ҳамин, бунёди 150 хонаи инфиродӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва толори спортӣ барои мактаби таълими умумии рақами 61, сохтмони системаи канализатсияи маҳалла бояд амалӣ шаванд. Ба иҷрои ин гуна корҳо шахсони масъул ва ташкилотҳои ҷудогона мутасаддӣ мабошанд. Аз болои сифат ва суръати корҳои онҳо назорати қатъи бурда мешаванд.
Мо ҳангоми дар ин маҳалла будани худ шоҳиди сохтмони пиёдагарҳо ва кандани чуқуриҳои канализатсияи ҳар як кӯчаи маҳалла шоҳид шудем. Кор мувофиқи реҷа пеш меравад.
Маркази маҳалла ҳам ба таври шинохтанашаванда дигар шудааст. Бо ёрии ҳомиён ва кӯшишу ғайрати фаъолони маҳалла Қаҳҳор Қудратов, Маҳмадамин Алимардонов, Дилшод Қаҳҳоров, Саъдулло Қаюмов, Шавкат Ҳамидов, Ҷамол Хоҷаев ва дигарон онро ободу зебо гардонданд.

Б.ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ