Воксинзанӣ дар Туркманистони бекоруно ҳатмӣ шуд

Туркманистон даъво дорад, ки дар қаламраваш ба мардум коронавирус сироят накардааст, аммо эмгузаронии ҳатмӣ ҷорӣ кард.
Ҳукумати Туркманистон тасмим гирифт, ки аҳолии аз синни 18-сола болоро иҷборан алайҳи коронавиус эмгузаронӣ кунанд.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба рӯзномаи «Нейтралный Туркманистон» хабар додааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии ин кишвар, Туркманистон «захираи зарурии ваксинаҳои профилактикии зидди коронавирус дорад ва корҳои эмгузаронии аҳолӣ аз ин сироят идома доранд.»
Туркманистон дар байни кишварҳои шӯравии собиқ ягона кишварест, ки дар он тибқи гузориши расмӣ ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Аз замони сар задани пандемия, ҳукумати ин кишвар барои вуруд ва парвозҳои байналмилалӣ маҳдудиятҳои шадид ва режими ниқобпӯш ҷорӣ кард. Аммо, баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ карда нашудааст.
Туркманистон ваксинаҳои Sputnik V ва Epivakkorona-и Русия ва ваксинаҳои CoronaVac-и Чинро барои эмгузаронии аҳолӣ гирифтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ