Оё гармӣ ҷараёни коронавирусро шадидтар мекунад?

Гармӣ ҷараёни бемории коронавирус ва дигар касалиҳоро шадидтар мекунад, менависад РИА Новости бо истинод ба Андрей Тяжеленко, мутахассиси озоди кумаки аввалини тиббию санитарӣ барои аҳолии калонсоли Раёсати тандурустии Маскав.

  • Дар ҳавои тафсон хавфи мубталои коронавирус шудан бештар аст, зеро дар чунин шароит масунияти инсон заифтар шуда, организми одам дар қиболи ҳар гуна вирусу бактерияҳо қобилияти мубориза бурданро аз даст медиҳад, — тавзеҳ додааст Тяжеленко.
    Ӯ тавсия медиҳад, ки барои суст нагардидани масуният, гирифтани ваксин шарт ва зарур аст. Нафароне, ки дар гурӯҳи хавф қарор доранд, бояд пеш аз ҳама ваксин гиранд то организми онҳо дар муқобили ҳар гуна вирус қавитар шавад.
    Ба тавсияи мутахассисон дар ҳавои гарм дохили утоқи ҷойи кор ва ё манзили зист ҳарорати мӯътадил бояд нигоҳ дошта шавад.
    Зуд-зуд шамол додани дохили хона ва ҳамчунин бо латаи тар тамиз кардани утоқи зист аз тавсияҳои дигари мутахассисон мебошад, ки риоя кардани онҳо боиси роҳати инсон мегардад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ