Манижа барои Eвровидение — 2021 чӣ қадар маблағ харҷ кард?

Сароянда Манижа Сангин барои сафар ба Евровидение-2021, беш аз 10 миллион рубл харҷ кардааст.
Дар ин бора овозхон дар мусоҳиба бо РИА Новости нақл кард.
Ба гуфти ҳунарманд, як қисми хароҷотро шабакаи якум бар ӯҳда гирифтааст.
Овозхон қайд кард, ки дар соли 2021 хароҷоти иштирокчиёни Евровидение зиёд шуд, зеро лозим буд, ки барои сабти эҳтиётии намоишҳои худ маблағи иловагӣ харҷ кунанд. Ин сабт дар сурати ба таври онлайн баргузор шудани озмун лозим мешуд.
Бояд гуфт, ки ҳунарнамоӣ дар Евровидение ба сарояндагон даромад намеорад, балки маъруфияти онҳоро меафзояд, ки ин ба баланд шудани ҳаққи ҳунарманд мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Евровидение — 2021 дар Нидерланд аз 18 то 22-юми май баргузор шуда буд.
Сарояндагони 26 кишвар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ, Манижа ҷои нӯҳумро ишғол кард ва гурӯҳи роксарои итолиёвӣ Мэнескин мақоми аввалро ба даст овард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ