Дӯстию рафоқат – хислатҳои неки инсонӣ Дӯстию рафоқат – хислатҳои неки инсонӣ

Имрӯзҳо дар кишвари озоду ободи мо беш аз 130 миллат ва халқиятҳо умргузаронӣ мекунанд. Дар байни онҳо дӯстӣ барқарор мебошад.
Дар бораи дӯстии халқҳо, хусусан дӯстии тоҷику ӯзбекҳо олиму фозилон бисёр навиштаанд. Аз ҷумла, нависандаи хал­қии Ӯзбекистон Пиримқул Қодиров чунин навиштааст: «Решаи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик, бешубҳа хеле амиқу қавист. Шахсан ман аз солҳои ҷавонӣ аз ҳамин решаи нерӯманди дӯстӣ ғизои маънавӣ бардошта, камол ёфтаам.
Ман дар деҳаи Кенгкӯли ӯзбекнишин, ки дар ҳудуди Ӯротеппа воқеъ аст, таваллуд шудаам. Медонед, ки дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон чӣ қадар тоҷикон зиндагӣ мекунанду дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон чӣ қадар ӯзбекҳо. Туфайли он ки ҳазорҳо сол бо ҳам ҳамсояҳои ҷонӣ ҳастанд, қудову анда, хешу ақрабоянд, тарзи зисту зиндагӣ, савту наво, таому дастархон, тоқиву пироҳани атлас, ҷамолу камол, тақдиру ташвиши муштарак доранд».
Боиси хушнудиҳост, ки баъди сафари таърихии роҳбарони ду мамлакати ҳамсоя-­Ӯзбекистону Тоҷикистон дар муносибатҳои ду кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Ду-се сол пеш сафари гурӯҳҳои ходимони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатамон ба Тоҷикистон ҳамкориҳо аз нав оғоз гардиданд. Дар доираи ҳамин робитаҳо ҳайати намояндагони мактаби мустақили хабарнигории Тоҷикистон ба пойтахти мамлакатамон, сонитар ба шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд омаданд. Меҳмонон ҷойҳои таърихии ин шаҳрҳои зеборо тамошо карданд.
Дар байни соҳибкорони ҳар ду мамлакат алоқаҳо барқарор гашт. Ин ҳамкорӣ ба ҳар ду тараф фоида меорад. Барои боз ҳам мустаҳкамшавии робита ва муносибатҳои дӯстона хидмати беназир менамояд.
Мегӯянд, ки дӯстии байни алломаҳо Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ (Фонӣ) то охири умр қатъ нагардидааст. Навоӣ баъди вафоти устодаш-­Ҷомӣ қариб 1 сол азодорӣ кардааст. Навоӣ барои Ҷомӣ марсияи пурсӯзу гудоз эҷод намудааст. Дӯстию ҳамкории ин ду фарзанди обрӯманди тоҷику ӯзбек, барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст.
Ин дӯстию ҳамкорӣ им­рӯзҳо ҳам инкишоф ёфта, бод ҳам мустаҳкам мегардад.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ