Табъи болида – беҳтарин дору(зарбулмасалу мақолҳои англисӣ)

Англисҳо, британиҳо – аҳолии асосии Британияи Кабир.Ҷамъан қариб 50 миллион нафар. Англисҳо инчунин дар Канада, Австралия, ИМА, Ҳиндустон, Зеландияи Нав, ва дигар мамлакатҳо умр ба сар мебаранд.


Дўсти ҷонӣ мисли доруест барои ҳамаи бемориҳо.


Алмосро бо алмос мебуранд.


Бадбахтӣ омўзгори хуб аст.


Бенавоён интихобро намедонанд.


Агар орзую умед намебуд, дил кайҳо мекафид.


Бе занбўр асал гирифта наметавонӣ, бе кор – пул.


Ҷойи бехавф – мобайн.


Аз чоҳи хушкшуда об кашидан бефоида аст.


Худо ба он кас ёрӣ медиҳад, ки худ ғами худро мехўрад.


Сарватмандӣ бидуни саломатӣ ҳеҷ аст.


Бойигарӣ меравад, номи нек мемонад.


Аз даруни халта аз будаш зиёд гирифта намешавад.


Барзаговро аз шоху одамро аз забонаш медоранд.


Дар Рим мисли римиҳо рафтор кун.


Рад кардан бо сухани хуш беҳ аз дағалона пазируфтан.


Табъи болида – беҳтарин дору.
Тарҷумаи
Маликаи БАХТИЁР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ