ҶУВОРИМАККА

Дар иқтисоди ҷаҳони мавқеи назаррасеро ҷуворимакка дорад. Дар баъзе кишварҳо мисли гандум як ғизои асосӣ ҳисобида мешавад.
Решаи ҷуворимакка ба замин якуним метр ҷуқур месабзад ва қадаш то севуним чор метр мешавад. Аввалҳо попкорн, яъне ҷуворибирёнро ба ҷойи пенопласт истифода мебурданд, баъдтар ба истеъмолаш гузаштанд. Дар як бехи растании ҷуворимакка аз 8 то 42 адад барг мебарояд. Калонтарин дастаки ҷуворимакка то ним килограмм вазн дорад. Кишти ҷуворимакка 12 ҳазор сол қабл оғоз шуда буд. Ҳарчанд ҷуворимакка растании гуногунҷинс аст, аммо дар як навдаи он ҳам гулҳои нарина ва ҳам гулҳои модина мешукуфанд. Ҷуворимаккаи ёбоии худрӯй вуҷуд надорад. Он танҳо аз тухмии бутуни дар ягонаги кошташуда мерӯяд. Ваатани аслии ҷуворимакка Амрикои Мааркази ва Мексика ҳисобида мешавад. Дар як дастаки ҷуворимакка то 1000 адад донаи он мавҷуд аст ва аҷибаш ин ки ҳаргиз шумораи он тоқ намешавад. Селексионерҳо то ҳол ҳазор намуд ҷуворимаккаро ҳосил кардаанд. Баъзе ҷуворимаккаҳои рангорангро низ ҳосил намудаанд, ки дар як дастакаш ду хел ҳам донаҳо мавҷуданд. Дар саноати хӯрока на танҳо донаи онро истифода мебаранд. Баргу поя ва ҳатто пӯпакашро ҳам истеъмол мекунанд. Наздик ба 25% ҷуворимаккаи тамоми дунё дар ИМА парвариш ва истеҳсол мешавад. Ба Аврупо бори аввал донаҳои ҷуворимаккаро Христофор Колумб оварда буд. Аз ҳама бисёр ҷуворимаккаро мардуми Мексика мехӯранд. Ҷуворимаккаро бояд бе намак ҷӯшонида, баъди пухтанаш намак андозед. Набошад, сахт мешавад. Агар ҷуворимаккаро дар полези каду кишт кунед, ҳарду якдигарро аз зараррасонҳои полез нигоҳ медоранд. Дар таркиби ҷуворимакка 24 намуд элементҳои ҷадвали Менделеев вуҷуд дорад. Аз ҷуворимакка барои доруворӣ, пластика, клей (ширешҳо) ва штукатурка низ истифода мебаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ